5 нафар сехони барҷаста

Декабрь 16, 2015 03:51

Душанбе, 16.12.2015. (АМИТ «Ховар»).-Омӯзиши хуб- як чизи фоидаовар аст, вале мутаассифона, он нишондиҳандаи қобилияти барҷастаи кўдак ва кафолати муваффақиятҳои ояндаи ӯ нест. Баръакси ин, дар сафи хонандагони оддӣ кӯдаконе бо тафаккури ғайримаъмулӣ пинҳонанд, ки нобиғаҳои асиланд.
Муваффақияти кам дар мактаб ҳамеша шаҳодати ноқобилии кӯдак нест. Эҳтимоли зиёд аст, ки ӯ бо ягон сабаб, ба мисли бетаваҷҷуҳӣ, мушкилӣ ва амсоли инҳо таҳсил карда натавонад. Мусаллам аст, ки маҳз миёни кӯдаконе, ки дар омӯзиш муваффақияти миёна доранд, нисбат ба аълохонҳо нафарони қобилиятнок дар миёни онҳо зиёдтар аст. Барои исботи ин гуфтаҳо аз рӯзгори чанд шахсияти барҷаста мисол меорем, ки қобилияташон пас аз мактаб зуҳур кардааст.

Александр Пушкин
Шоири бузурги рус Александр Пушкин ба Литсеи императории деҳаи Сарский (Императорский Царскосельский лицей )-мактаб барои ашрофзодагони дарборӣ дар 12-солагӣ дохил шуд. (То ин дам Александри ҷавон дар хонаи омӯзгорони кироя таълим мегирифт). Қобилияти шоирии Пушкин аллакай дар мактаб ошкор шуд, ки он даррав ба доираҳои васеи адабӣ маълум гардид. Вале сарфи назар аз истеъдоди худодод ва хотираи фавқулодда, шоири навқалам каме беҳтар аз нафарони миёнахон мехонд. Ӯ танҳо фанҳоеро меомӯхт, ки ба онҳо шавқу рағбати бештар дошт. Пеш аз ҳама, Александр адабиёти русӣ ва фаронсавиро дӯст медошт. 
Литсеи машҳури императории деҳаи Сарскийро Пушкин соли 1817 хатм намуд. Дар рӯйхати умумии муваффақиятҳои таҳсил аз 29 нафар хонанда Пушкин дар ҷойи 26 қарор дошт, ки ҳамин ҳам танҳо муваффақият аз «адабиёти русӣ ва фаронсавӣ, инчунин шамшербозӣ» буд.

Алберт Эйнштейн
Эҳтимол нафаре нест нашунида бошад, ки Алберт Эйнштейн — олими бузург, ки ба оғози рушди физикаи муосир асос гузошт, дар кӯдакӣ бисёр бадхон буд. Ҳарчанд «нокомӣ»-и ин нобиға одатан хеле муболиға аст, он ҳамчун намуна барои тасаллии бисёр волидон хизмат мекунад.
Алберти хурдакак кӯдаки оддӣ набуд. Ӯ бо сари хеле калону паҳн таваллуд шуда, пас аз калонтар шудан рафтори аҷоиб нишон медод: дар танҳоӣ бисёр менишаст,  канора меҷуст, хеле суст меҷунбид ва то 4 ва 6-солагӣ чизе намегуфт. Вақте ки ин олими оянда аввалин суханони худро мегуфт, суханонаш шакли комили муайянро доштанд. Агар таърихшинос Отто Нойгебаурерро бовар кунем, он чунин рух додааст: «Ниҳоят ҳангоми хӯроки шом ӯ қоидаи хомӯширо шикаста, гуфт: «Шӯрбо хеле ҷӯш аст». Аз ин ҳол волидонаш хушҳол шуда, аз ӯ мепурсанд, ки то ин вақт чаро ҳарф намезад. Алберт ҷавоб медиҳад: «Барои он ки то ин вақт ҳама чиз хуб буд.»
Бар хилофи ақидаи роиҷ марбут ба ноқобилии Эйнштейн ба омӯзиш, олими оянда зуд бисёр маълумотро дар бораи ашё аз худ кард. Хуб нахондани ин нобиға танҳо ба хотири итоат накардан ба муаллимони худкома ва бешуурона аз худ кардани ашё буд. «Ман омода будам ҳар гуна азобро тоқат кунам, то ки сафсаттаи бемуносибро аз худ накунам», — ёд мекунад Эйнштейн. Дар ҳамин ҳол, вай вақти бештарро ба омӯзиши мустақилона сарф кард, ки ӯро ба сафи шахсиятҳои маъруфи таърихи инсоният ворид намуд.

Ҳенри Форд
Муҳандис-худомӯз, соҳиби корхона, инқилобовар дар истеҳсоли автомобил, дар ҳаёт татбиқгари «орзуи амрикоӣ», Ҳенри Форд дар оилаи фермер, дар шаҳраки музофотии иёлати Мичиган таваллуд шудааст. Ҳенри дар оила фарзанди калонӣ буд ва падараш умед дошт, ки писараш вориси сулолаи фермерии онҳо мешавад. Вале ин писарча меҳнати ҷисмониро дӯст намедошт ва аз хурдӣ фикр мекард, ки чи тавр ин корро ба таври механикӣ ба роҳ монад
Ҳенри ба механика таваҷҷуҳи зиёд дошт. Дилхоҳ бозичаи механикӣ, соат ва дигар асбобҳои механикиро қисм-қисм карда, якчанд маротиба аз нав барқарор мекард. Аллакай дар 12-солагӣ ин писарбача барои худ устохона ташкил намуда, бисёрии вақташро дар он ҷо мегузаронд. Ростӣ, «падари саноати мошинсозӣ» дар мактаби деҳа ба ҷуз математика дигар фанҳоро хуб намехонд. Дар 15-солагӣ Форд аз хона баромада, дар завод ба кор шурӯъ мекунад. Ӯ маълумоти олӣ нагирифт ва ҳамеша бо хато менавишт. Вале ин на танҳо барои миллирдер шуданаш, балки ба яке аз шахсиятҳои маъруфи ҷаҳонӣ табдил ёфтанаш низ монеъ нашуд. 

Дмитрий Иванович Менделеев
Олими барҷастаи рус Дмитрий Менделеев дар оилаи серфарзанди директори гимназия таваллуд шудааст. Ӯ аз ҳама хурдтарин ва аз рӯи шумора 17-умин кӯдаки оила буд, аммо якчанд бародарону хоҳарони калониаш дар кӯдакӣ фавтидаанд.
Дар солҳои аввали мактабиаш Дмитрий на он қадар фаъол буд: дар табели ӯ беш аз ҳама баҳои «миёна» дида мешуд. Менделееви ҷавон, писарбачаи ғаюр буд ва тӯтивор ёд карданро қабул надошт, бинобар он лотинӣ ва каломи Худоро  он қадар дӯст намедошт. Бо эътирофи худи ӯ, ба мактаби классикӣ тамоми умр нафраташро нигоҳ дошт. Вале ин ба ӯ барои мактабро бо баҳои хубу аъло хатм кардан ва ба Донишкадаи омӯзгории марказии Санкт-Петербург дохил гардидан монеъ нашуд.
Дмитрий дар соли аввали таҳсилаш дар донишкада аз ҳама фанҳо ба ғайр аз риёзӣ баҳои «ғайриқаноатбахш» мегирифт. Эҳтимол инро метавон бо саломатии бади ӯ рабт дод, зеро дар иқлими Санкт-Петербург бемор шуда, маҷбур буд дар дарсҳо иштирок накунад, вале баъдан комёбиҳои нобиғаи оянда баръало беҳтар гардиданд.

Агата Кристи
Нависандаи бритониёӣ Агата Кристи (пеш аз шавҳаркуниаш Миллер) — ро бе сабаб «Маликаи детектив (саргузашт)» ном накардаанд, зеро ӯ яке аз адибони пурмаҳсул дар таърихи инсоният мебошад, ки китобҳои ӯ ба зиёда аз 100 забон тарҷума шуда, номаш ба ҳама маълум аст. 
Миллерҳо аҳли сарватманд аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико буданд, ки онҳоро дар мулки бобоияшон дар графигарии Девоншири Бритониё сокин карданд. Волидонаш кӯшиш мекарданд, ки фарзандонашон — як писар ва ду духтар, ки хурдӣ Агата буд, соҳибмаълумот гарданд. Бояд гуфт, ки дар оила нависандаи оянда кӯдаки на он қадар закӣ буд — ҳангоми ба саволҳо ҷавоб додан, ӯ қариб ҳамеша худро гум мекард ва дармемонд, аммо метавонист соатҳо худ ба худ суҳбат ва бо бозичаи дӯстдоштааш «ҳалқабозӣ» кунад. Агата ба зудӣ хонданро оғоз карда буд ва вақти зиёдеро болои китоб сарф мекард, вале бо грамматика аз аввал мушкилӣ дошт. «Ман ҳар рӯз бо имло низ машғул мешудам, тамоми саҳифаро бо калимаҳои душвор навишта пур мекардам. Фикр мекунам, ин машқҳо ба ман каме манфиат ҳам оварданд, вале ман ҳамеша бо хатогии зиёд менавиштам ва то ин рӯз менависам»,-гуфтааст худи Агата.
То ки аз Агата хонуми воқеӣ ба воя расад, ӯро дар  15-солагӣ ба мактаби миёнаи Париж, ки он ҷо ҳамагӣ чанд моҳ қарор дошт, равон карданд. Баъдан ӯро ба мактаби парижии хонум Драйден бурданд, ки он ҷо Агата ба навохтани фортепиано ҷиддӣ машғул буд ва ҳатто орзуҳое дошт, ки амалишавиашон ғайриимкон буд: ба ӯ ваҳми пеш аз саҳнагӣ халал мерасонд — ӯ ҳеҷ гоҳ аз уҳдаи идораи ҳаяҷонаш дар назди омма намебаромад ва бинобар он дар ҳар як баромадаш ноком мешуд..
Тавре ки мебинем, истеъдоди ҳақиқӣ хоҳ- нохоҳ роҳи худро меёбад ва хуб нахондан ба он монеа намешавад, вале барои рушди он зарур мебошад. Чуноне ки Дмитрий Иванович Менделеев гуфтааст: «Бе меҳнатдӯстии ҳақиқатан ҷиддӣ на истеъдодҳо ва на нобиғаҳо вуҷуд надоранд».

Декабрь 16, 2015 03:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Тоҷикобод 6 коргоҳи истеҳсолӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Кумитаи забон ва истилоҳот, Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, Маркази миллии тестӣ ва Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Алоқаи боэътимод — дар ҳар гуна боду ҳаво
Пагоҳ дар Кумитаи забон ва истилоҳот, Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, Маркази миллии тестӣ ва Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмон, Агентии назорати маводи нашъаовар, Агентии «Тоҷикстандарт» ва корхонаи «Тоҷиксуғурта» нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Дар Конибодом бо усули «Мактаб ба мактаб» бо хонандагону волидайн вохӯриҳо баргузор мегарданд
3 феврал дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмон, Агентии назорати маводи нашъаовар, Агентии «Тоҷикстандарт» ва корхонаи «Тоҷиксуғурта» нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Сокинони ноҳияи Рашт дар ҷашни Сада омодагиашонро ба корҳои кишоварзӣ изҳор доштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2024 забҳи 586 сар чорвои мубталои бемории буғумдард пешгирӣ карда шуд