Аҳли қалам дар меҳмонии сарбозон

Декабрь 29, 2015 06:13

Душанбе, 29.12.2015. (АМИТ «Ховар»). — Бо ташаббуси роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ вохӯрии адибону олимон ва ҳунармандону санъаткорон бо сарбозону афсарони қисмҳои низомии қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ ба ҳукми анъана даромадааст. 
Чунин як мисоли равшан ин вохӯрии аҳли қалам ва эҷодкорону ҳунармандон бо сарбозону афсарони қисми низомии 3501-и қушӯнҳои дохилии ВКД воқеъ дар шаҳри Хуҷанд мебошад. Баланд бардоштани маърифати адабӣ, огоҳ намудан аз мероси пурғановати ниёгон ва муосири адабиёт, мавқеи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли масоили геополитикии минтақа ва ҷаҳон ва тарғиби арзишҳои милливу аҷдодӣ аз мавзӯҳои меҳварии вохӯрии аҳли зиё бо сарбозону афсарони қисми низомии 3501 ба ҳисоб рафт. 
Дар чорабинии мазкур раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода, роҳбарияти Раёсати ВКД дар вилояти Суғд, намояндагон аз Кумиҷроияи вилоятии Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон ва як гурӯҳ шоирону нависандагон ва ҳунармандону санъаткорон иштирок намуданд. 
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода сарбозону афсаронро ба муносибати фарорасии Соли нав табрик намуда, аз шароиҳои муҳайёнамудаи Ҳукумати кишвар дар даврони соҳибистиқлолӣ барои сарбозону афсарон ёдовар гардид. Илова намуд, ки маҳз бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои тозабунёди қисми низомии  3501 бо тамоми лавозимоти маишиву фаннӣ ва ҳарбиву ҷангӣ мавриди истифода қарор дода шуд, то ки ҷавонони ватандӯсту матиниродаи кишвар дар чунин шароит баҳри дифои марзу буми кишвари аҷдодӣ камари ҳиммат банданд. 
Бояд илова намуд, ки маҳз бо дарки амиқи масъалаи мазкур дар арафаи ҳар як ҷашну маросими миллӣ, раиси шаҳри Хуҷанд бо дастовези идона ба қисми низомии мазкур ташриф оварда, пайваста аз аҳволу шароити зиндагии сарбозон дидан мекунад.  
Дар идомаи маҳфил як гурӯҳ нависандагону шоирон аз эҷодиёти хеш назди ҳозирин суханронӣ намуда, бо сарбозон маҳфили саволу ҷавобро барпо намуданд. 

 

Декабрь 29, 2015 06:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ–адабӣ гузаронида шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Рустами Эмомалӣ аз ҷойҳои таърихию муқаддаси шаҳри бостонии Бухоро боздид намуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон ҳамоиши идона доир шуд