Арбоби барҷастаи сиёсат ва пешвои тоҷикони ҷаҳон

Декабрь 21, 2015 12:09

Ваҳдат, 21.12.2015.  (АМИТ «Ховар»). — Раиси суди шаҳри Ваҳдат Камолзода Сайфиддин  ҷонибдории худро нисбат ба  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи   Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат» иброз намуда, доир ба Пешвои миллат эътироф шудани Эмомалӣ Раҳмон андешаҳояшро чунин баён намуд:  Дар таърихи 19 ноябри соли 1992 дар қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд  Иҷлосияи 16- уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар ин иҷлосияи таърихӣ  фарзанди фарзонаи миллат  Эмомалӣ Раҳмон  Раиси Шӯрои  Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон,   яъне Сарвари давлат интихоб гардид.  Аз рӯзи баргузории  ин санаи  таърихӣ,  суханони  аввали Сарвари давлат  Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми дилшикастаи кишвар  чунин буд: «Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми малака ва таҷрибаи худро  истифода бурда,  ба ҳар оилаи тоҷику тоҷикистонӣ  сулҳ меорам, инчунин  ҳамаи гурезагонеро, ки  берун аз марзи ҷумҳурӣ қарор доранд, ба ватан бармегардонам» .
  Таҷриба нишон дод, ки роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон  ба савганди худ содиқона вафо кард, бо заҳмату талошҳои  беандоза  Тоҷикистони кӯчакро  ба як кишвари  шукуфон  табдил дод.  Дар муддати начандон  тӯлонӣ  ӯ тавонист ба пешрафту дастовардҳои зиёде  ноил гардад. Пӯшида нест, ки пешрафту тараққиёт  танҳо дар натиҷаи сулҳу субот, оромию амният роҳандозӣ мешаванд.  Боиси ифтихор аст, ки бо ташаббуси Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон  тадбирҳои зиёде рӯйи кор меоянд, ки маҳз барои пойдорӣ ва сулҳу субот нигаронида  шудаанд. Ин ҳама нишондодҳои олӣ   маҳз бо  кӯшишу дастгирии Эмомалӣ Раҳмон буд,  ки Тоҷикистон ба маркази баргузории  конфронсу симпозиумҳои  байналмилалӣ  табдил гардид.

Декабрь 21, 2015 12:09

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад