Ба имзо расидани як қатор қонунҳо
Душанбе, 25.12.2015. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор қонунҳо, ки аз тарафи Маҷлиси намояндагон қабул гардида, Маҷлиси миллӣ онҳоро ҷонибдорӣ намудааст, ба имзо расонида шуданд.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор», қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди терроризм”, “Дар бораи алоқаи барқӣ”, Кодекси ҷиноятӣ ва Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз ҷумлаи онҳо мебошанд.
Бо назардошти иродаи мардуми шарифи Тоҷикистон ва дар асоси пешниҳоди бархе аз вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон 9 декабри соли 2015 аз тарафи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат» қабул ва 18 декабри соли 2015 аз тарафи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон якдилона ҷонибдорӣ карда шуд.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат» бо мақсади тақвияти асосҳои сохтори конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, истиқлолияти давлатӣ ва тамомияти арзӣ, якпорчагии Ватан, пойдориву бардавомии давлати Тоҷикистон, таҳкими демократия, таъмини рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, ҳифзи арзишҳои таърихии давлатдории миллӣ, фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона барои ҳар як инсон таҳия ва қабул карда шудааст.
Қонуни мазкур аз муқаддима ва 16 модда иборат буда, вазъи сиёсиву ҳуқуқӣ, салоҳият, дахлнопазирӣ, бунёди осорхона, бойгонӣ, китобхона, амният ва кафолатҳои иҷтимоию иқтисодии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллатро муқаррар мекунад. Аз ҷумла мувофиқи моддаи 4 ин Қонун барои хизматҳои содиқонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат дар назди Ватан — ордени «Пешвои миллат–Эмомалӣ Раҳмон» ва — ҷоизаи давлатии «Пешвои миллат–Эмомалӣ Раҳмон» таъсис дода мешаванд, ки шахсиятҳои намоён барои хизматҳои шоён дар фаъолияти давлатӣ ва ҷамъиятӣ, ҳиссаи арзанда дар рушди демократия, таҳкими сулҳу суботи ҷомеа ва дӯстии байни халқҳо аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо онҳо сарфароз гардонида мешаванд.
Ҳамчунин мувофиқи моддаи 11 Қонуни мазкур осорхона, бойгонӣ ва китобхонаи Асосгузори суҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат таъсис дода мешаванд, ки онҳо сарвати миллӣ ва моликияти давлатӣ ба ҳисоб мераванд. Инчунин Қонуни мазкур паҳлӯҳои дигари ҳаёт ва фаъолияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллатро танзим менамояд.
Қабули чунин як Қонун изҳори воқеият, арзи садоқату эҳтиром, қадршиносӣ ва подоши барҳақ ба хизматҳои шоистаи Сарвари давлат аст. Воқеан ҳам Президенти мӯҳтарами кишвар, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон сазовори ҳама гуна унвону ҷоиза, мақому манзалат ва садоқату самимият ҳастанд.
Бояд қайд намуд, ки чунин унвон хоси кишварҳои пешрафт ва ҷомеаи фарҳангӣ буда, имрӯз дар Амрико, Аврупо ва ҳатто дар кишварҳои собиқ Шӯравӣ, аз ҷумла дар Ҷумҳурии Қазоқистон ба назар мерасад.
Президенти мӯҳтарами кишвар Ҷаноби Олӣ, Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, бо истифода аз дигар мақому манзалати худ ва ниҳоят ҳамчун як фарзанди вафодори ин миллату сарзамин бо истифода аз хираду нерӯи нотакрори худ барои боз ҳам ободу зебо гардидани Ватани азизамон ва устувору побарҷо мондани Тоҷикистон, барои зиндагии шоистаи халқи азизи Тоҷикистон дар оянда низ хидматҳои шоёну барҷаста хоҳанд кард.
Қонунҳои қабулгардида дар маҷмӯъ ба таъмини Истиқлолияти давлатӣ, пойдории сулҳу ваҳдат, ҳифзи инсон ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои ӯ, ҳимояи манфиатҳои давлат, ташкилоту муассисаҳо, мубориза бо ҷинояткорӣ ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, танзими санҷиши субъектҳои хоҷагидор, рушди фаъолияти иқтисодиву иҷтимоӣ ва пешрафту инкишофи соҳаҳои мухталифи ҳаёти кишвар равона карда шудаанд.
Матни пурраи қонунҳои қабулгардида рӯзҳои наздик дар матбуоти расмии кишвар интишор карда мешавад.








Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ашқобод дар Форуми байналмилалии сулҳ ва эътимод иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди Туркманистон шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Раёсати минтақавии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар гурӯҳи ноҳияҳои водии Ҳисорро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҶДММ «Бозори Турсунзода»-ро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода ба фаъолияти корхонаи маҳсулоти алюминии ҶДММ «Алюминийи аввалин» оғоз бахшиданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода 6 кӯдакистони хусусиро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода бинои Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Ғунчаҳои Истиқлол»-ро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода 8 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумиро тариқи фосилавӣ ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Регари шаҳри Турсунзода Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 23-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода ба фаъолияти марҳилаи дуюми ҶДММ «Алюмин Проф» оғоз бахшиданд






