Ба Қонун «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» илова ворид гардид

Декабрь 18, 2015 17:26

Душанбе, 18.12.2015.(АМИТ «Ховар»).- Имрӯз дар иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова  ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» мавриди баррасии аъзои палатаи болоии кишвар  қарор гирифта, ҷонибдорӣ гардид.
Раиси Кумитаи МММО ҶТ оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Худоёрзода Бахтиёр Тавар  ин масъаларо тавзеҳ дода, зикр кард, ки мақсад аз ворид намудани илова ба қонуни мазкур таъмини амнияти шаҳрвандони  Ҷумҳурии Тоҷикистон,  ҳамчунин мусоидат ба фаъолияти субъекти мубориза бо терроризм, баргузории амалиёти зиддитеррористӣ  дар қаламрави кишвар ва минтақаҳои ҷудогонаи он мебошад.
Мувофиқи илова ба қонуни номбурда минбаъд бо дархости субъекти асосии бевоситаи мубориза бар зидди терроризм хизматрасонии алоқаи барқӣ   ва истифодаи воситаҳои вобаста ба он дар минтақаи гузаронидани амалиёти зиддитеррористӣ, инчунин дар тамоми қаламрави кишвар ё минтақаҳои алоҳида метавонад муваққатан боз дошта шавад.

Декабрь 18, 2015 17:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд