Баррасии масъалаҳои татбиқи лоиҳаи ёрии техникӣ бо ҳайати БРО

Декабрь 9, 2015 05:10

Душанбе, 9.12.2015 (АМИТ «Ховар»).-  Масъалаҳои  ҷараёни амалишавии лоиҳаи ёрии техникӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пурзӯр намудани низоми муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм ва нақшаи корӣ барои оянда зимни мулоқоти муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромов бо ҳайати Бонки рушди Осиё -роҳбари лоиҳаи ёрии техникӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тақвияти низоми муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм Саид Зайдоншоҳ ва коршиноси байналмилалӣ Нил Ҷенсен,  8 декабри соли равон мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. 
Аз 30 ноябр то 9 декабри соли ҷорӣ ҳайати Бонки рушди Осиё дар доираи лоиҳаи ёрии техникӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои  тақвияти низоми муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм бо сафари корӣ дар Душанбе буд.  
Зимни суҳбат роҳбари лоиҳа Саид Зайдоншоҳ иброз дошт, ки  дар доираи татбиқи лоиҳаи ёрии техникӣ бо ҳайати БРО бо  намояндагони вазорату кумитаҳо вохӯрӣ анҷом дод. Дар баробари ин, барои аъзои гурӯҳи корӣ, кормандони молия, бонкӣ ва намояндагони бахши хусусӣ се семинар дар самти омода намудани лоиҳаи ҳуҷҷати Баҳодиҳии хавфи миллӣ гузаронида шуд. 
Сироҷиддин Икромов дар ҷараёни вохӯрӣ ба намояндагони ҳайати Бонки рушди Осиё барои расонидани ёрии техникӣ изҳори миннатдорӣ намуда, махсус  зикр кард, ки гузаронидани Баҳодиҳии хавфи миллӣ  аз талаботи асосии тавсияҳои нави ФАТФ буда, анҷоми бомуваффақияти ин чорабинӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти калон дошта, он барои кам намудани сатҳи хавф, пурзӯр намудани низоми мубориза ба қонунигардонии маблағҳо ва ҷалби бештари сармояи хориҷӣ мусоидат хоҳад кард. Дар робита ба ҷамъоварии маълумот барои таҳияи ҳисоботи Баҳодиҳии хавфи миллӣ Бонки миллии Тоҷикистон омодааст бо ҳайати Бонки рушди Осиё ҳамкорӣ намуда, дар пешниҳоди ин ҳуҷҷати муҳим саҳм гузорад. 

 

Декабрь 9, 2015 05:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд