Баррасии муаммоҳои менеҷменти муосири Тоҷикистон
Душанбе, 21.12.2015. (АМИТ «Ховар»).- Бо ташаббуси кафедраи менеҷменти Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон (ДМИТ) ва Ассотсиатсияи миллии менеҷерон ва маркетингшиносон дар мавзӯи «Муаммоҳои менеҷменти муосири Тоҷикистон» конфронси илмию амалии ҷумҳуриявӣ доир гардид.
Тавре ки котиби матбуоти ДМИТ Машҳура Абдуллоева хабар дод, дар он олимони иқтисодшинос, намояндагони Вазорати молияи ҶТ, Академияи илмҳои ҶТ ва дигар кумитаву идораҳо, устодони муассисаҳои олии кишвар иштирок намуданд.
Дар конфронс ректори донишкада Ашурбой Солеҳзода зикр намуд, ки баргузорӣ ва интихоби мавзӯи ҳамоиши имрӯза вобаста ба омода кардани менеҷерони моҳир дар замони муосир муҳим мебошад. Яке аз вазифаҳои калидӣ дар омода кардани кадрҳои баландихтисос дар ин ҷода- ин бо китоби дарсӣ таъмин намудани омӯзгорон аст. Аз ин рӯ, ҳайати омӯзгорони кафедраи менеҷменти донишкада ду китоби дарсии «Менеҷмент» ва «Менеҷменти стратегӣ»-ро бо забони давлатӣ таҳия ва нашр намудаанд, ки бешак, барои болобурди сифати таълим мусоидат менамояд, гуфт мавсуф.
Директори Институти иқтисод ва демографияи Академия илмҳои ҶТ, профессор Лутфулло Саидмуродов дар мавзӯи «Стратегияи миллии рушд: афзалият ва маҳрукҳо», вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Рустам Қудратов дар мавзӯи «Идоракунии бехатарии озуқаворӣ дар ҶТ», муовини сардори Кумита доир ба рушди маҳалли ҶТ Тоҷиддин Ҷӯразода дар мавзӯи «Такмилдиҳии идоракунии давлатӣ дар ҶТ», сардори Маркази таълимии ҶСК «Агроинвестбонк Баҳром Шарипов дар мавзӯи «Рушди стратегии бахши молиявии Тоҷикистон» ва профессори кафедраи менеҷменти ДМИТ Шавкат Бозоров дар мавзӯи «Муаммоҳо ва имкониятҳои менеҷмент дар Тоҷикистон», маърӯзаҳои пурмазмун карданд.
Аз ҷумла профессор Лутфулло Саидмуродов ҳадафҳои асосии рушди дарозмуддати Тоҷикистонро дар боло бурдани сатҳи зиндагии аҳолии мамлакат дар асоси таъмини рушди босуботи иқтисодӣ маънидод кард.
-Барои ба он ноил гардидан барои 15 соли наздик ҳадафҳои стратегии зерин, аз қабили таъмини амнияти энергетикӣ, рушди имкониятҳои коммуникатсионии мамлакат, таъмини амнияти озуқаворӣ ва тавсеаи шуғли босамар муайян шудаанд. Ҳамчунин самтҳои афзалиятноки «Стратегияи миллии рушд барои то соли 2030» таҳкимбахшии иқтидори институтсионалии мамлакат, баланд бардоштани самаранокии истифодаи сарватҳои миллӣ, диверсификатсия ва рақобатпазирии иқтисодиёти миллӣ, таҳким ва тавсеаи синфи миёна ва рушди минтақаҳои кишварро дар назар дорад,- гуфт Саидмуродов Л.
Зикр шуд, ки менеҷменти Тоҷикистон марҳилаи мушкили инқилоби рушдро аз сар мегузаронад ва маҷбур аст, ки бо роҳи азхуднамоии усулҳои муосир равона гардад. Менеҷерони ватанӣ кӯшиш доранд, ки нуқтаи назари анъанавии идоракуниро аз худ намуда, ба устуворӣ ва самаранокии истеҳсолот самтгиӣ намоянд.








НИШОНИ ҶАВОНМАРДӢ. Дар ҳошияи асари сиёсатшинос, сиёсатмадор, олим ва адиби нуктасанҷ Саймумин Ятимов
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба татбиқи технологияҳои рақамӣ дар низоми логистикӣ машварат доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии ҳарбӣ- варзишии «Ватанпарвар» доир гардид
«Одамон. Идеяҳо. Ҳаракат». Дар Душанбе нахустин форуми таҷрибаҳои идоракунӣ баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ТАЪСИРИ ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ БА РУҲИЯИ КӮДАКОН. Ва ё «оҳанро дар гармияш бояд кӯфт»
Соли 2025 шаҳрвандон ва соҳибкорон беш аз 6 миллион амалиёти ғайринақдиро анҷом доданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Чӣ тавр аз лӯбиё таом ва ё хӯриш омода намоем?
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ФУТБОЛ. Дастаҳои асосӣ ва ҷавонони «Вахш» бо медалҳои нуқра ва биринҷӣ мукофотонида шуданд






