БМТ: Бонкҳо ва ташкилоти қарздиҳии хурд ба маблағи аз 60 то 100 ҳазор сомонӣ ҷарима шуданд

Декабрь 23, 2015 04:08

Душанбе, 23.12.2015 (АМИТ «Ховар»).- Дар рӯзи қабули шаҳрвандон, муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев бо зиёда аз 60 корманди нуқтаҳои мубодилаи асъори ташкилоти қарзӣ мулоқот намуд. Дар ду ҳафтаи охир ин дуюмин вохӯрист, ки роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон бо кормандони нуқтаҳои мубодилаи асъор анҷом медиҳанд.  
Ин дафъа низ миёни тарафҳо суҳбати рӯ ба рӯ ва ошкоро сурат гирифт ва дар ҷараёни он масъалаҳои ба фаъолияти минбаъдаи нуқтаҳои мубодилаи асъор ва кормандони онҳо вобаста, сабабҳо ва зарурати ба тартиби нави анҷомдиҳии амалиёти мубодилавӣ гузаштан, баланд бардоштани сатҳ ва маданияти хизматрасонии муосири бонкӣ ба аҳолӣ баррасӣ шуданд. 
Ҷамолиддин Нуралиев, қабл аз ҳама, ҳозиринро бо ислоҳот ва дигаргуниҳои бунёдию сохторӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон ва низоми бонкии кишвар, ки талаботи замону ҷомеаи рӯ ба инкишофу тараққӣ ва пешрафта мебошад, шинос намуд. Зикр гардид, ки имрӯз бар асари вазъи ноустувори байналмилалӣ, паст рафтани нархи нафт дар бозорҳои ҷаҳонӣ, аксари давлатҳои дунё, аз ҷумла давлатҳои шарикони асосии тиҷоратии кишвари мо дучори буҳрони иқтисодию молиявӣ гардидаанд. Яқин аст, ки ин ҳама мушкилот ба иқтисодиёт ва молияи Тоҷикистон низ таъсири манфии худро расонида, ба кам ворид шудани асъори хориҷӣ ба ҷумҳурӣ ва чун натиҷа ба ноустувории бозори дохилии асъор ва қурби пули миллӣ-сомонӣ сабаб шудаанд. 
«Омили дигари ин ноустуворӣ, мутаассифона, фаъолияти як қисми кормандони нуқтаҳои мубодилаи асъор мебошад, ки аз лаҳзаи муносиб истифода бурда, беасос қурби хариду фурӯши доллари ИМА-и нақдро баланд бардошта, ғайриқонунӣ бар хилофи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва тартиби муқарраршуда, ба анҷомдиҳии амалиёти мубодилавии ғайрирасмӣ даст мезаданд»,-гуфт Ҷ.Нуралиев. 
Далели мазкур ҳангоми санҷишҳои аз ҷониби гурӯҳҳои муштараки корӣ бо Прокуратураи генералӣ ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ, ки танҳо ба хотири ба эътидол овардани вазъи бозори нақдӣ гузаронида мешуданд, тасдиқи худро ёфт. Ба чунин амал зиёда аз 40 корманди нуқтаҳои мубодилаи асъор дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ даст задаанд. 
Таъкид  шуд, ки дар айни замон Бонки миллии Тоҷикистон барои ин қонунвайрокуниҳо кормандони мубодилаи асъорро шахсан ҷарима накарда, танҳо бонкҳо ва ташкилоти қарздиҳии хурдро ба маблағҳои аз 60 то 100 ҳазор сомонӣ ҷарима бастааст. Ташкилоти қарзӣ дар навбати худ барои ҷарима нашудан, пеш аз муҳлати муқарраршудаи гузариш ба низоми нави анҷомдиҳии амалиёти мубодилавӣ, ки бояд тибқи Дастурамали №211 “Дар бораи тартиби анҷомдиҳии амалиёти мубодилавӣ бо асъори хориҷӣ” то охири сол ҷорӣ барпо  мешуд, дар 1 рӯз фаъолияти тамоми нуқтаҳои мубодилаи асъори худро ба якборагӣ қатъ кардаанд. 
Имрӯз  дар ҷумҳурӣ 124 ташкилоти қарзӣ, 432 филиал, 1 233 маркази хизматрасонии бонкӣ ва 1 802 нуқтаи интиқоли пул ба мардум хизмат мерасонанд. Тибқи талаботи Дастурамали №211 “Дар бораи тартиби анҷомдиҳии амалиёти мубодилавӣ бо асъори хориҷӣ” тамоми амалиёти хариду фурӯши асъори хориҷӣ минбаъд танҳо дар хазинаҳои ҳамин муассисаҳо, тавассути низоми мутамаркази электронии амалиётии ташкилоти қарзӣ анҷом дода мешаванд. Гузариш ба чунин як низоми муосири хизматрасонии бонкӣ ногузир буда, талаботи замон аст ва ҳатман амалӣ хоҳад шуд. 
Дар робита ба ин, аз кормандони нуқтаҳои мубодилаи асъор, ки дорои таҷрибаи бойи корӣ ҳастанду дар қонунвайронкуниҳо даст надоранд, даъват ба амал оварда шуд, ки барои ишғоли вазифаҳои хазиначиёни хазинаҳои амалиётӣ ба ташкилоти қарзӣ муроҷиат намоянд. 

Декабрь 23, 2015 04:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад