БМТ кормандони нуқтаҳои мубодилаи асъорро ҷарима намекунад

Декабрь 16, 2015 04:57

           Душанбе, 16.12.2015. (АМИТ «Ховар»). — Дар робита ба сабабҳои худкушии корманди нуқтаи мубодилаи асъори ҶСП “Тоҷиксодиротбонк” Алихон Азимов, ки чанде пеш рух дод, дар якчанд сомонаи хабарии ҷумҳурӣ хабару гузоришҳо ба нашр расида, фарзия ва гумонҳои гуногун ба хонандагон пешниҳод шудаанд.
Роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон аз марги бармаҳали Алихон Азимов мутаассиф буда, ба наздикону азизони марҳум изҳори тассалият мекунад. Марги нобаҳангоми инсон, новобаста аз он ки чӣ гуна ва дар куҷо рух додааст, фоҷиаи бузург аст. Аммо ҳатто ноогоҳона ё надониста рабт додани ин ҳодиса ба фаъолияти як нафар ва ё як идораи дигар хатои аз он бузургтар мебошад.
Оид ба сабабҳои рух додани ин ҳодиса мақомоти дахлдор, албатта, баъди санҷиши ҳолату сабабҳои он хулосаи ҳуқуқии худро пешниҳод менамоянд. Вале дидаву дониста ба хонандагон пешкаш кардани ахбори носанҷидаву  носаҳеҳ аз ҷониби баъзе расонаҳо, ки гӯё Алихон Азимов баъди ба маблағи 120 ҳазор сомонӣ ҷаримабандӣ шудан худкушӣ кардааст, мавриди таассуф аст. Барои мо ҳам муаммо аст, ки ин рақаму ин фарзия бо кадом далелҳо собит мешаванд.
Бояд гуфт, ки барои вайрон намудани талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ Бонки миллии Тоҷикистон кормандони  нуқтаҳои мубодилаи асъорро ҷарима намекунад. Дар сурати ошкор шудани чунин ҳолатҳо дар фаъолияти нуқтаҳои мубодилаи асъор БМТ моликони ҳуқуқии онҳо, яъне бонкҳо ва ташкилоти қарзии хурдро  ҷарима мекунад.
Дар ин бора Хадамоти матбуоти БМТ аз тариқи сомонаи расмии бонк ҳамарӯза иттилоот пахш намуда, танҳо ба ташкилоти қарзӣ тавсия додааст, ки кормандони дар ин гуна ҳуқуқвайронкуниҳо дастдоштаро дигар  ба кор қабул накунанд. 
Дар ин маврид метавон гуфт, ки эҳтимоли ҷой доштани дигар омил ва ё сабаби рух додани ин фоҷиа вуҷуд дорад. Бинобар ин, умедворем, ки мақомоти дахлдор баъди таҳқиқи ҳамаҷонибаи ҳодисаи номбурда сабаби асосии онро муайян хоҳанд кард.

 

 

Декабрь 16, 2015 04:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад