Дар Душанбе роҳҳои рушди сиёсию иқтисодии давлатҳои Осиёи Марказӣ муҳокима мешавад
Душанбе, 29.12.15. (АМИТ «Ховар»). — «Роҳҳои рушди сиёсию иқтисодии давлатҳои Осиёи Марказӣ дар даҳсолаи дуюми асри ХХ1: масоили рушд, лоиҳаҳои ҳамкорию ҳамгироӣ, имконоти ҳамкорӣ» — чунин аст мавзӯи асосии конфронси байналмилалӣ, ки бо ибтикори Маркази таҳқиқи геополитикии Донишгоҳи (славянии) Русияю Тоҷикистон бо дастгирии сафорати Русия дар Тоҷикистон имрӯз дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.
Дар ҷараёни конфронс муҳокимаи лоиҳаҳои ҳамкорию ҳамгироии давлатҳои Осиёи Марказӣ, ҳамчунин ҳамкории иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии давлатҳои нав дар шароити ташаккули усули нави рушду густариш дар Осиёи Марказӣ дар назар аст.
Ғайр аз ин дар конфронс масоили сиёсати давлатҳои нав барои ташкили низоми кооперативии амнияти Осиёи Марказӣ бо дарназардошти хавфу хатар ва ситезаҷӯиҳои нав ба сулҳу субот баррасӣ ва вазъияти геополитикӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ барои соли 2016 пешгӯӣ карда мешавад.
Дар кори конфронс намояндагони вазорату идораҳои кишвар, намояндагиҳои дипломатии муқими Тоҷикистон ва коршиносон иштирок менамоянд.








Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард
Дар Сеул Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд
Дар Ашқобод Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон бо шаҳрдори Риёз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо сардабири рӯзномаи «Алҷарида»-и Давлати Кувайт вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон дар ҳамоиши 42-юми Намоишгоҳ ва Конфронси байналмилалӣ оид ба нафту гази Абу-Забӣ иштирок намуд
Идибек Қаландар дар Муколамаи Манома «IISS Manama Dialogue» иштирок намуд
Ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Лаос мулоқот намуданд
Интишори мусоҳибаи сафири Тоҷикистон дар Кувайт дар рӯзномаи кувайтии «Алҷарида»






