Дар фаъолияти 12 нуқтаи мубодилаи асъор камбудиҳои ҷиддӣ ошкор шуданд

Декабрь 9, 2015 05:12

Душанбе, 9.12.2015 (АМИТ «Ховар»).-  Дар натиҷаи санҷишҳои гурӯҳҳои муштараки кории Бонки миллии Тоҷикистон ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ оид ба назорат ва танзими бозори асъор, ки 3 ва 4 декабри соли ҷорӣ дар ш. Душанбе гузаронида шуданд, дар фаъолияти 12 нуқтаи мубодилаи асъор камбудиҳои ҷиддӣ ошкор  шуданд. 
Маълум гардид, ки кормандони як зумра нуқтаҳои мубодилаи асъор бо фармоиши саридораи ташкилоти қарзӣ аллакай фаъолияти худро боздоштаанд. Бо вуҷуди он ки дар ин рӯзҳо шумораи ҳолатҳои бешомаду камомади маблағҳои пулӣ дар нуқтаҳои мубодилаи асъор кам гардида бошад ҳам, камбудиҳо дар фаъолияти баъзе аз нуқтаҳои мубодилаи асъори ҶСК “Ориёнбонк”, ҶСК “Тоҷиксодиротбонк”, ҶСП “БСТ ТИСТ Тоҷпромбонк”, ҶСК “Агроинвестбонк”, ҶСК “Соҳибкорбонк” ва ТАҚХ “Васлат”,  аз қабили мавҷуд набудани дафтари сабти хариду фурӯши асъор, худсарона муайян намудани қурби хариду фурӯши асъор, набудани китоби бақайдгирии санҷишҳои саридораи бонк, ҷой доштани фарқ байни қурбнома ва фармоиши саридора ба қайд гирифта шуданд. 
Ҳамчунин ошкор шуд, ки корманди нуқтаи мубодилаи асъори ҶСК “Тоҷиксодиротбонк”, воқеъ дар даромадгоҳи бозори “Варзоб” Ф. Абдуллоев дар ҳолати доштани асъори хориҷӣ ба хотири ҳаннотӣ аз фурӯши асъор бо қурби муқарраршуда ва қонеъ кардани талаботи мизоҷон худдорӣ мекардааст. 
Дар робита ба ҳолатҳои ошкоршуда аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон нисбат ба ҶСК “Ориёнбонк”, ҶСК “Тоҷиксодиротбонк”, ҶСП “БСТ ТИСТ  Тоҷпромбонк”, ҶСК “Соҳибкорбонк”, ҶСК “Агроинвестбонк” ва ТАҚХ “Васлат” чораҳои ислоҳӣ ва таъсиррасонӣ андешида шуда, ба ин ташкилоти қарзӣ тавсия дода шуд, ки кормандони он нуқтаҳои мубодилаи асъореро, ки ба камбудиҳои ҷиддӣ ҷой додаанд, аз кор озод намоянд. 

 

Декабрь 9, 2015 05:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд