Гуфтори С.Лавров дар бораи мазмуни гуфтушунид бо Ҷ. Керри

Декабрь 16, 2015 04:33

Душанбе, 16.12.15. (АМИТ «Ховар»). — Вазири корҳои  хориҷии  Русия  Сергей  Лавров  аз  мазмуни   гуфтушунид  бо Котиби давлатии  ИМА  Ҷон Керри, ки  дар  шаҳри  Маскав баргузор  гардид, нақл  кард.  Ба  гуфтаи мавсуф,  гуфтушунид  воқеӣ ва  мушаххас  буд. 
«Гуфтушунид  ҳам  субҳ ва  ҳам баъди аср  мушаххасу  воқеӣ  буда, иқдомот  дар  мавриди  натиҷаҳои  судманд бахшидани муҳокимаи  қазияи  Сурия,  вусъати   мубориза  бо терроризм, ДОИШ,  ва Ҷабҳат — ан — Нусра  дар  маркази  диққат  қарор  доштанд», — гуфт ӯ ба  хабарнигорон  аз  рӯи натоиҷи  гуфтушуниди Котиби  давлатии  ИМА бо президенти  ФР. 
Лавров  ҳамчунин   изҳор  дошт, ки  18  декабр  дар  шаҳри  Ню — Йорк  мулоқоти  Гурӯҳи  байналмилалии  дастгирии  Сурия  баргузор гардида, натоиҷи он  дар қатъномаи Шӯрои  Амнияти  СММ  зикр  дода  мешавад. 
«Мо қобили  қабул  донистем, ки  дар  марҳалаи  ҳозира аҳду  паймонеро, ки 30  октябр  ва  14  ноябр  дар  шаҳри   Вена  ба  даст омада буд, дар  шакли қатъномаи Шӯрои  Амнияти  СММ  тасдиқ  намоем. Мо  бо  ин  мақсад пешниҳодро  дар  мавриди рӯзи  ҷумъаи  18  декабр  дар  шаҳри  Ню — Йорк  доир  намудани  мулоқоти навбатии Гурӯҳи байналмилалии  дастгирии  Сурия дар  сатҳи  вазирон  дастгирӣ менамоем», —  гуфт С.Лавров.
«Умедворем, ки аз рӯи   натоиҷи  он бо  ризоияти  ҳамаи  аъзои  гурӯҳ метавонем  лоиҳаи  қатъномаро барои баррасӣ пешниҳод  кунем, ки он ҳамаи   принсипҳои дар  ҳуҷҷатҳои  Вена  зикршуда,  яъне  изҳороти Вена  аз  30  октябр  ва  изҳороти  Вена  аз 14  ноябрро    тасдиқ  менамояд», —  гуфт  вазир.   

Декабрь 16, 2015 04:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад