Истиқболи донишҷӯёни хатлонӣ аз додани унвони «Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат” ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 14, 2015 05:05

Душанбе, 14.12.2015. (АМИТ «Ховар»).-Дар  Донишгоҳи давлатии Қурғонтеппа ба номи Носири Хусрав ҳамоиши ҷавонон, омӯзгорон, профессорон ва ҷавонони фаъоли донишгоҳ  вобаста ба иқдоми намояндагони мардумӣ барои ба Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон додани унвони «Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат»  доир гардид. 
Муовини раиси вилояти Хатлон Ситора Шерзода иқдоми Маҷлиси намояндагонро  амри зарурӣ ва саривақтӣ дониста, афзуд, ки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои нахустини ба сари қудрат омадан ҳамеша барои пешрафту шукуфоии Ватан талош варзида, ҷоннисориҳои худро барои беҳбуди зиндагии мардум равона кардааст.
Дар мулоқот муовини раиси вилоят аз хизматҳои Роҳбари давлат дар тӯли 24 соли Истиқлолият ёдовар гардида, изҳор намуд, ки қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат» нишонаи арҷ гузоштан ба ин заҳматҳо мебошад. 
Таъкид шуд, ки Ҳукумати мамлакат барои  насли ояндасоз ба воя расидани ҷавонон тамоми тадбирҳоро андешида, имрӯз шароити лозимӣ барои ҷавонон муҳайё  шудаанд.
Ҷавонону донишҷӯён доир ба додани унвони «Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат” ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон андешаронӣ карда, аз он  истиқбол намуданд. 
Гуфта шуд, ки ҷавонони дорои дониши баланд ва меҳанпарасту ватанхоҳ метавонанд дар ҳифзу ҳимояи Ватан ва рушду инкишофи он саҳм гузоранд. 
Чунин ҳамоишҳо дар Донишкадаи энергетикии Қурғонтеппа ва толори «Кохи Ватан»-и шаҳри Қурғонтеппа баргузор гардиданд.

 

Декабрь 14, 2015 05:05

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд