«Кинг Салмон» тавассути ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ба зарардидагони Бадахшон кумак расонид

Декабрь 28, 2015 10:36

        Душанбе, 28.12.2015. (АМИТ «Ховар»).-«Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон  (ҶҲАТ) бо дастгирии Маркази хайриявии «Кинг Салмон»-и Арабистони Саудӣ ба аҳолии ниёзманди Тоҷикистон  кумак  расонид.  Ба  иттилои масъулини ҶҲАТ, намояндагони марказ  тасмим гирифтаанд, ки ба зиёда аз  1 500 оилаи ниёзманди Тоҷикистон, ки   7 500 нафарро ташкил медиҳанд, кумаки худро расонанд. Фадҳ Осаймин-намояндаи Маркази хайриявии «Кинг Салман ҳуманитариан ейд енд релиф сентр»-и Арабистони Саудӣ дар робита ба ин ба хабарнигори АМИТ «Ховар»   иттилоъ  дод, ки кумаки аввалини онҳо  ба мардуми аз офати табиӣ зарардидаи вилояти Бадахшон фавран равона хоҳад шуд.
«Кумаки мо  ба мардуми зарардидаи Бадахшон аз  3 610 дона кӯрпаи гарм, 200 печкаи махсус  барои ангишт, 20 тонна ангишт, 216 бастаи хӯрокворӣ, аз ҷумла 400 халта орд иборат аст. Аз 216  бастаи хӯрокворӣ ба ҳар як оила 100 кг орд (2 халта), 5 кг шакар, 5 кг биринҷ, 3 кг лубиё, 3 кг марҷумак, 3 кг макарон, 2 кг намак, 5 литр навъи равғани беҳтарин рост омада, инчунин  ҳар оила бо 60 кг ангушт ва 5 кӯрпаи гарм таъмин хоҳад шуд»,-афзуд намояндаи Маркази хайриявии «Кинг Салман ҳуманитариан ейд енд релиф сентр»-и Арабистони Саудӣ. Ба гуфтаи Фадҳ Осаймин ин кумаки нахустини  хайриявии онҳо, ки бо дастгирии  ҶҲАТ амалӣ мегардад, барои 218 хонаводаи аз офати табиӣ зарардидаи Бадахшон аст, ки  барои 3 моҳ нигаронида шудааст.
Баҳодур Қурбониён, котиби генералии ҶҲАТ иброз дошт, ки ташрифи намояндагони маркази хайриявии «Кинг Салман ҳуманитариан ейд енд релиф сентр»-и Арабистони Саудӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон  натиҷаи яке аз гуфтушунидҳои Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон  бо Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари  Арабистони Саудӣ мебошад. Номбурда гуфт марҳилаи аввалини кумаки башардӯстонаи  маркази хайриявии «Кинг Салман ҳуманитариан ейд енд релиф сентр»-и Арабистони Саудӣ ба зарардидагони вилояти Бадахшон, ки имрӯз, 28 декабр равона шудаанд, аз 7 камаз бор иборат мебошад, ки 2 камаз бастаи хӯрокворӣ, 3 камаз бастаи рахти хоб,1 камаз ангишт ва 1 камаз  печкаҳои  махсус  барои ангиштро дар бар мегиранд.  «Ҳамзамон аз тарафи маркази хайриявии «Кинг Салман ҳуманитариан ейд енд релиф сентр»-и Арабистони Саудӣ  тасмим гирифта шудааст, ки марҳилаи дуюми кумакҳои башардӯстона ба оилаҳои аз обхезӣ зарардида дар фасли тобистон, ки баъзе ноҳияҳои вилояти Бадахшон ва ноҳияи Раштро фаро гирифта буд, тавассути ҶҲАТ расонида шавад»,-иттилоъ дод Баҳодур Қурбониён.
Ёдовар мешавем, ки  Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон  (ҶҲАТ), ҳамчун созмони башардӯстона фаъолияти худро аз соли 1927 оғоз карда, то ин муддат ба мардуми  ниёзманд дасти ёрӣ дароз мекунад. Аз ҷумла ҶҲАТ барои оилаҳои аз офати табиии рӯзи  7 декабр зарардидаи Бадахшон, ки   ба ноҳияи Рӯшон кӯчонида шуданд, аз анбори маркази  ҶҲАТ барои 100 хоҷагӣ маводи ғайриистеъмолӣ  ва  либосу  пойафзол интиқол дода шуда, дар рӯзҳои наздик дар ҳамдастӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти ваколатдор дар ин самт  ба ниёзмандон тақсим  мешавад.

 

Декабрь 28, 2015 10:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд