Маҷлиси Ҳукумат доир ба бартарафсозии оқибатҳои заминларза дар Бадахшон

Декабрь 9, 2015 05:25

Душанбе, 09.12.2015. (АМИТ «Ховар»). — Субҳи имрӯз таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  доир ба роҳҳои бартарафсозии оқибатҳои заминларзаи шадид дар вилояти Бадахшон доир гардид.
Дар оғози машварат доир ба талафоту хисороти аз заминларза воридшуда ва чораҳои фаврии то ин дам андешидашуда Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода гузориш дод.
Тавре зикр гардид, дар қаламрави вилояти Бадахшон 237 хона пурра ва 588 хона қисман вайрон шудаанд. 214 хонаи пурра ва 205 хонаи қисман зарардида ба ноҳияи Рӯшон рост меояд.  Ҳамчунин иншооти зиёди иҷтимоӣ, аз ҷумла мактабу китобхона ва дигар муассисаҳо қисман зарар дидаанд.
Чунонки иттилоъ доданд, бошандагони ҳамаи 237 хонаи пурра харобшуда дар ҷойҳои зисти муваққатӣ ҷойгир ва бо маводи ғизоӣ, сарулибос ва дигар ашёи зарурӣ таъмин карда шудаанд.
Тоза кардани роҳҳои мошингарди дорои аҳамияти байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ аз сангу шағали бар асари заминларза болои роҳҳо рехта бо сафарбар кардани техникаю механизмҳои зарурӣ муташаккилона ба роҳ монда шудааст. Як қисми роҳҳо аллакай тоза шудаанд. Давоми се рӯзи оянда ҳамаи роҳҳо пурра тоза карда мешаванд.
Комиссияи ҳукуматӣ ва ситодҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва шаҳрию ноҳиявӣ шабу рӯз фаъоланд.
Супориш дода шуд, ки дар мавзеъҳои бехавф барои бунёди маҳаллаҳои нави истиқоматӣ ҷойҳо муайян карда шаванд, то ки аз баҳору тобистони соли оянда мардум ба бунёди хонаҳои нави худ оғоз намоянд.
Тибқи дастури дигари Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон маводи ғизоӣ, сӯзишворӣ ва дигар ашёи талаботи ҳаррӯза дар вилояти Бадахшон бояд фаровон захира карда шавад.
“Чархболҳо низ барои расондани кумакҳои фаврӣ ва интиқол додани одамон ба ҷойҳои бехавф дар мавзеъҳои наздик ба ноҳияҳои аз заминларза осебдида ҳамеша омода бошанд”,- таъкид намуд Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон.

Декабрь 9, 2015 05:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад