Мулоқоти ректорони вилояти Суғд бо хатмкунандагони шаҳри Истиқлол

Декабрь 17, 2015 05:54

Истиқлол, 17.12.2015 (АМИТ «Ховар»).- Дар Қасри фарҳанги шаҳри Истиқлол мулоқоти роҳбарони муассисаҳои олии маркази вилояти Суғд бо хатмкунандагони ин шаҳр баргузор гардид.
Муовини ректори ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров профессор Матлуба Хоҷаева доир ба пешрафти донишгоҳ иттилоъ дода, аз ҷумла афзуд, ки Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, ки яке аз куҳантарин, бонуфузтарин ва машҳуртарин мактабҳои олии ҷумҳурӣ маҳсуб мешавад, дар тӯли 84 соли мавҷудият ва фаъолияти хеш ин махзани муқаддаси илму маърифат ҳазорон дастпарварони болаёқатро парвариш намудааст. 
Хатмкунандагони макотиби миёнаи шаҳри Истиқлол роҷеъ ба фаъолияти имрӯзаи донишгоҳҳо суолҳо дода, ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд.

 

Декабрь 17, 2015 05:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид