Намояндагони «Истиқлол» ва «Хуҷанд» дар семинари КФО иштирок менамоянд
Душанбе, 09.12.15. (АМИТ «Ховар»). – Намояндагони клубҳои футболи «Истиқлол» ва «Хуҷанд» дар семинари маърифатии Конфедератсияи футболи Осиё, ки аз 10 то 11 декабр дар Малайзия баргузор мегардад, иштирок менамоянд.
Дар семинар дастаи «Истиқлол» — ро Шаҳзод Сулаймонов (менеҷери клуб) ва Рустам Ҳакимов (масъули бахши матбуот) ва дастаи «Хуҷанд» — ро Акбар Иброҳимов (менеҷери клуб) ва Далер Отабеков (масъули бахши матбуот) намояндагӣ мекунанд.
Дар доираи семинар ҳамчунин маросими қуръапартоии марҳалаи гурӯҳии Ҷоми КФО – 2016 баргузор мегардад, ки дар он намояндагони Тоҷикистон ҳам ширкат мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки қаҳрамони чоркаратаи Тоҷикистон дастаи «Истиқлол» — и пойтахт қувваозмоии худро дар сабқати нави Ҷоми КФО аз даври гурӯҳӣ ва дастаи «Хуҷанд» дар қувваозмоӣ барои пайдо намудани роҳхат ба марҳалаи гурӯҳӣ бо клуби «Аҳли Ал –Халил» оғоз менамоянд.








Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд






