Ҳолати танбашавии нақлиёт дар роҳҳои шаҳри Душанбе ташвишовар аст

Декабрь 1, 2015 03:30

Душанбе, 1.12.2015 (АМИТ «Ховар»).- Имрӯзҳо дар роҳҳои шаҳри Душанбе аз беаҳамиятии ронандаҳои нақлиёти мусофиркашонӣ танбашавии зиёди нақлиёт ба чашм мерасад. Мисоли инро метавон ҳар рӯз дар маҳаллаи «Гипрозем»-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе мушоҳида кард. Масъулин ҳарчанд аз ин камбудиҳо огаҳ бошанд ҳам, ҳанўз ҳам барои бартараф намудани он тадбирҳои зарурӣ наандешидаанд. Ҳол он ки дар фасли сармо барои рафтуомади мусофирон фурсат кам аст.
Танбашавии мошинҳо боис гаштааст, ки на донишҷўён сари вақт ба дарсҳо ҳозир шуда метавонанду на кормандони дигар сохторҳо  дар вақти зарурӣ ба коргоҳ мерасанд.
Ҳарчанд Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бартараф кардани танбашавии мошинҳо соати дарсии донишҷӯёни басти якуми донишгоҳҳоро соати 7:30 муайян кард, мутаассифона, ҳанўз ҳам ин мушкилӣ  ҳалли худро наёфтааст.
Коршиносон як сабаби ин мушкилиро дар бемасъулиятии кормандони соҳаи нақлиёт арзёбӣ мекунанд.
Тавре ки сокини пойтахт  Абдухалили Абдусамад мегўяд, бидуни ягон монеа имрӯзҳо ронандаҳои хатсайрҳои мусофиркашонӣ на аз истгоҳ, балки куҷое барояшон қулай бошад, мусофиронро савор мекунанд.
— Ин гуна беаҳамиятӣ боиси сар задани садамаҳои нақлиётӣ дар роҳҳои шаҳри Душанбе ва ба вуҷуд омадани танбашавӣ мегардад, — афзуд Абдухалил.
Ҳамин тавр танбашавии нақлиёт дар роҳҳои шаҳри Душанбе, хусусан маҳалаи Гипроземи пойтахт ҳамарӯза мушоҳида мешавад.
Аҳмаднабӣ, сокини маҳаллаи «Гипрозем» сабаби асосии танбашавӣ дар маҳаллаи «Гипрозем»-ро, пеш аз ҳама, дар он медонад, ки: «Бозори Деҳқон» ва «Сомон» дар ин маҳал ҷойгир шудаанд ва ҳамеша сокинони пойтахт пеш аз кор рафтан, яъне аз соати 5-8 субҳ, барои харидории маводи ғизоӣ омада, пас аз харидорӣ намудан тавассути аробаҳо ба роҳ мебароянд, ки ин боиси танбашавии нақлиёт дар роҳ мегардад.
Далели дигари онро Аҳмад дар зиёд будани мошинҳои калони боркаш, ки аз манотиқи кишвар вориди ин бозор мегарданд ва ба рафтуомади мусофирон ва нақлиёти мусофиркаш халал мерасонад, мебинад.
Коршинос Ато Мирзо роҳи ҳалли ин мушкилотро дар он мебинад, ки рафту омади мошинҳои калони боркаше, ки аз қаламрави ҷумҳурӣ вориди пойтахт мегарданд, дар соатҳои муайян гузошта шавад. 
-Масалан, аз соати 22- и шаб то 5-и субҳ, ки дар ин вақт гаштугузори мусофирону нақлиёти мусофиркаш кам мебошад, бояд воридоти мошинҳо аз манотиқи гуногун ба роҳ монда шавад. Шояд, ки ин гуна пешниҳод барои пешгирӣ аз танбашавии  нақлиёт мусоидат кунад, — меафзояд коршиноси ин соҳа.

 

Декабрь 1, 2015 03:30

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд