Оне, ки ба Тоҷикистон сулҳ овардааст, дарвоқеъ Пешвои миллат аст!
Душанбе, 16.12.2015. (АМИТ «Ховар»).- Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат», ки аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидааст, бо иштироки кормандони агентӣ ҷаласа доир гардид.
Директори агентӣ Сафаралӣ Наҷмудинов иброз дошт, ки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар даврае, ки ҷанги хонумонсӯзи дохилӣ боиси хисороти зиёди молию ҷонӣ гардида, ба ягонагии марзӣ ва бақои миллати тоҷик хатари нобудӣ таҳдид мекард, дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷасурона роҳбарии давлатро ба уҳда гирифт ва дар назди Парчам қасам ёд карда, иброз намуд, ки: “Ман ба Тоҷикистон сулҳ меоварам ва то даме, ки охирин муҳоҷири иҷборӣ берун аз кишвар аст, ман худро орому осуда ҳис карда наметавонам”.
Боиси ифтихор аст, ки Эмомалӣ Раҳмон бо ҷаҳду талошҳои пайвастааш ин гуфтаҳои худро содиқона ва собитқадамона собит намуд ва имрӯз таҳти роҳбарии ӯ пояҳои давлатдорӣ, заминаҳои низоми ҳуқуқӣ, нахустин Конститутсияи халқӣ қабул шуданд. Дар ҳақиқат Эмомалӣ Раҳмон асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ ва Пешвои воқеии миллати тоҷик аст ва қабули ин қонун дар шароити имрӯза муҳим ва зарурати таърихӣ ба шумор меравад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






