Қонун «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат»- кафили устувории Тоҷикистон
Душанбе, 10.12.2015 (АМИТ «Ховар»). -Таърих гувоҳи он аст, ки шахсият дар раҳоӣ бахшидан аз буҳронҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ дар кишвар саҳми арзанда гузошта метавонад. Аз байни сиёсатмадорони касбӣ ва бомаҳорат таърих пешвоёни зиёдро офаридааст. Ин шахсиятҳо дар самти инкишофи ҷомеа, ҳалли масъалаҳои сиёсии муҳим, муттаҳидсозии омма, ҳалли тақдири миллат ва пешниҳоди ақидаҳои ҷолиб ва аҳамиятнок саҳми босазо гузошта, дар қалби мардум ҳамчун шахси боадолат, поквиҷдон ва ҳимояткунандаи манфиатҳои ҷомеа ҷой гирифтаанд. Ҳалқ, миллат, омма ин гуна шахсиятро ба таври самимӣ ҳамчун Пешвои худ эътироф менамоянд ва чунин эътироф баҳри устуворона бо як ақида инкишоф ёфтани ҷомеа барои чандин садсолаҳо замина мегузорад.
Алалхусус нисбат ба Тоҷикистон, ки дар бӯҳрони сиёсӣ ғўта зада буд, барои Сарвари давлат муттаҳид сохтани миллат, садди роҳи парокандагии давлатдорӣ шудан ва барқарор сохтани иқтисодиёти харобгашта ва интихоби самтҳои стратегӣ бо душвориҳои зиёд алоқаманд буд. Вале баҳри суботи сиёсиву иқтисодӣ ҷидду ҷаҳди Пешвои миллат муҳим буд ва зарур буд, то давлату давлатдорӣ коста нагардад. Дар фазои сиёсии ҷумҳурӣ Пешвои оқилу дурбин Эмомалӣ Раҳмон барои нигоҳ доштани давлату давлатдории замонавӣ аз аввали фаъолияти худ заҳмат кашид. Заҳмату кӯшишҳои Пешвои барҳақ на танҳо натиҷаҳои назаррас доданд, балки дар муддати кўтоҳтарин ғайричашдошт буданд ва далели он босуръат ноил гаштан ба ҳадафҳои муҳими стратегӣ мебошад.
Пешниҳод ва амалигардонии ҳадафҳои стратегӣ дар кишвар, ояндабинии боъэтимод баҳри дурнамои инкишофи иқтисодиву иҷтимоӣ, пешбурди муносибатҳои дипломатии эътимоднок бо кишварҳои шарик, ташаббускорӣ дар ҳалли масъалаҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ, устувор гардонидани давлатдории дунявӣ дар асоси принсипҳои демократӣ ва дигар хислатҳои муҳими сиёсатмадори тоҷик — Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои дар сатҳи ҷаҳонӣ устувор гардидани мавқеи Тоҷикистон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ва эътирофи миллати тоҷик ҳамчун миллати тамаддунофар саҳми босазо гузошта истодааст. Ин аст, ки сиёсатмадорони ҷаҳон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун сиёсатмадори ташаббускор эътироф менамоянд.
Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва муносибатҳои пуртаззоди сиёсӣ ҳар миллате манфиатҳои худро ҳимоя карда метавонад, ки Пешвои худро дошта бошад, ҳамдилу ҳамақида бошад ва баҳри амалигардонии идеяи ягонаи миллӣ қадам ниҳад. Давлат ва мардуми Тоҷикистон Пешвои худро аз Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пайдо кард. Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат» роҳи ба расмият даровардани эътимоди ҳамешагии мардум ба Пешвои барҳақ ва гузоштани заминаи эътимоднок баҳри инкишофи устувори ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳамақидагӣ дар Тоҷикистон аст.
Ашурбой Солеҳзода,
ректори Донишкадаи молия
ва иқтисоди Тоҷикистон








Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






