Ошкор шудани 813 ҳуқуқвайронкунии коррупсионӣ

Декабрь 15, 2015 04:52

Душанбе, 15.12.2015 (АМИТ «Ховар»).  Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми 10 моҳи соли 2015 дар самти пешгирии коррупсия ба роҳбарони корхона ва идораҳои давлатӣ барои бартараф намудани камбудиҳои ба коррупсия мусоидаткунанда 1 ҳазору 840 дастури хаттӣ ирсол кард, ки 13 дастури хаттӣ дар хусуси ҷой доштани хизмати якҷояи хешовандони наздик дар корхонаву идораҳои давлатӣ мебошад. Ҳамчунин ба унвони роҳбарони вазорату идораҳо ва дигар корхонаҳои давлатӣ барои бартараф намудани ҳуқуқвайронкуниҳо 796 пешниҳод ирсол шуда, дар ин давра аз ҷониби кормандони агентӣ 813 ҳуқуқвайронкунии коррупсионӣ ошкор гардид.
Дар ин бора аз маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

 

Декабрь 15, 2015 04:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст