«Падари телефонӣ», «Ҷавониро ба бангу нашъа нафрӯш!», «Яккамахав», «Ҳоҷиён бояд намуна бошанд», «Анборҳои Ҳоҷӣ Ҳалим», «Косаи доғтар аз ош» — ин ва дигар мақолаҳое, ки нашрияҳо нашр кардаанд
Душанбе, 03.12.2015 (АМИТ «Ховар»). – Нашрияи «Ҷумҳурият» дар шумораи рақами 238 аз 28-уми ноябри соли равон иттилоия аз маҷлиси Ҳукуматро нашр карда, дар хусуси аз сохтори дастгоҳи марказии ВКД хориҷ шудани қӯшунҳои дохилӣ, таҷдиди фурудгоҳи Хуҷанд, мулоқоти Путин бо Олланд ва дигар навгониҳоро аз ҳаёти мамлакат ва ҷаҳони муосир пешкаши хонандагон кардааст. Дар ин шумораи «Ҷумҳурият» ҳикояти таърихии Бароти Абдураҳмон бо номи «Сомонхудот» чоп шудааст. Шумораи рӯзи сешанбе, аз 1-уми декабри соли равон «Ҷумҳурият» мулоқоти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро дар ҳошияи Конфронси 21-уми СММ бо ноибони аввали раисони ширкатҳои маъруфи «Тотал» ва «Аэробус» инъикос кардааст. Дар ҳамин шумораи «Ҷумҳурият» силсилаи мақолаҳои таҳлилӣ дар мавзӯъҳои пешгирӣ аз бемории СПИД, бетарафӣ ба тақдири ноболиғони душвортарбия ва мусоҳибаи хабарнигори нашрия бо директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ Худобердӣ Холиқназар ба нашр расидааст. Дар шумораи имрӯзаи «Ҷумҳурият» матни суханронии Сарвари давлат дар Конфронси 21-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ дар бораи тағйири иқлим, инчунин хабарҳо аз сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба Брюссел, мулоқот бо роҳбарони аршади ниҳодҳои аврупоӣ нашр шуда, мақолаи сиёсатшинос А.Р.Ҳаким бо номи «Пешвои миллӣ будани Эмомалӣ Раҳмон рисолати ӯст» пешкаши хонандагон шудааст.
Нашрияи парлумонии «Садои мардум», шумораи рақами 162 аз 28-уми ноябри соли равон аз иштироки Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев дар ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи парламентии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия хабари расмӣ чоп карда, бо сарлавҳаи «Низоми иҷозатдиҳӣ содатар мегардад» аз ҷаласаи навбатии Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олӣ гузориши муфассал нашр намудааст. Дар шумораи рӯзи сешанбеи «Садои мардум» аз 1-уми декабри соли равон матни Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Буҷети давлатӣ ва хабари ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намоядагони Маҷлиси Олӣ нашр шудааст. «Садои мардум» дар шумораи имрӯзаи худ (таҳти рақами 164, аз 03.12.2015 с.) аз сафари кории Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо ва мулоқоти босамари Сарвари давлат бо роҳбарони ниҳодҳои амниятиву сармоягузории аврупоӣ, инчунин мулоқоти Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии мамлакат Шукурҷон Зуҳуров бо сафири Қувайт Наваф Абдулазиз хабарҳо чоп карда, дар хусуси истифодаи захираҳои энергетикӣ мақолаи таҳлилӣ пешкаши хонадагон намудааст.
Ҳафтаномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» бо сарлавҳаи «Ҷавониро ба бангу нашъа нафрӯш!» мақолаи Гуландом Мирзоеваро чоп карда, дар мавзӯъҳои ватандӯстӣ, мактабу маориф, ҳифзи муҳити зист ва навгониҳои соҳаи варзиш мақолаву хабарҳои ҷолибро нашр кардааст.
Минбари эҷодкорони Тоҷикистон «Адабиёт ва санъат» вобаста ба рӯзи гиромидошти устод Абдулқосим Лоҳутӣ, ки ҳамасола 4-уми декабр ҷашн гирифта мешавад, 7 шеъри олии ин шоири зиндагисароро нашр кардааст. Дар саҳифаи назми ҳафтанома шеърҳои Назрӣ Асадзода, Барнои Қодирдухт ва дар саҳифаи наср ҳикояи адиби рус Виктор Астафйев бо номи «Сипоси деррасида» пешкаши хонандагон шудааст. Мақолаҳои «Китобҳое, ки муаллифонашонро сарватманд карданд» ва «Чарлз Диккенс чӣ гуна маъруф шуд?» аз ҷониби хонандагон хуш пазируфта хоҳанд шуд.
Ҳафтаномаи «Нигоҳ» мақолаи Далери Хайруллоҳро бо номи «Яккамахав» чоп кардааст. Муаллиф менависад: «Туркия пас аз суқути СУ-24 ба таври оҷил сафирони кишварҳои НАТО дар кишварашро ҷамъ оварда, онҳоро аз вазъият огоҳ кард. Аммо Маскав? Путин лоақал аз тариқи телефон бо ҳамтоёнаш дар СПАД тамос нагирифт… Ба хотири расмиёт ва ё ба вуҷуд овардани як ҳамнавоӣ Маскав мебоист ҳадди ақал дар сатҳи вазирони дифоъ як ҷаласаи изтирориро даъват карда, ба ҷаҳониён нишон медод, ки…».
Ҳафтаномаи «Тоҷикистон» мақолаҳои «Бенизомӣ дар бозори асъор», «Падари телефонӣ», «Туркия ва Русия», «Қаллобон» ва дигар хабару гузоришҳоро чоп карда, дар ду саҳифаи ҳафтанома қисме аз натиҷаи пурсиши худро ба саволи «Бо кадом хизматҳояш Эмомалӣ Раҳмонро сазовори мартабаи Пешвои миллат медонед?» таҳти сарлавҳаи «Ба Пешво Президент не, миллат ниёз дорад» пешкаши хонандагон намудааст.
Ҳафтаномаи «Фараж» мақолаи Лутфулло Яқубовро бо сарлавҳаи «Ҳоҷиён бояд намуна бошанд» чоп кардааст, ки дар он муаллиф изҳор кардааст, ки бо омадани ҳоҷиён ҳама ҷоро тоқиҳои сапеду ҷойнамозҳо пахш мекунанд. Ин ҷойнамозу тоқиҳои чиниро фарзандону пайвандони ҳоҷиён аз бозорҳои кишвар фаровон харидорӣ карда, ҳамчун туҳфа ба хешу табору ҳамсоягони ҳоҷӣ аз номи ҳоҷӣ тақдим мекунанд. «Ба таври минималӣ солона 10 миллион доллари ИМА танҳо барои туҳфаҳои сохти чинӣ сарф шуда, ин пулҳо хоҳу нохоҳ ба буҷаи Чин мерезанд». Муаллиф хулоса кардааст, ки беҳтарин туҳфа дуои самимии ҳоҷиён мебошад, на сарфи беҳудаи пули бо азоб ҷамъоваришудаи мардумон.
Ҳафтаномаи «СССР» таҳти номи «Анборҳои Ҳоҷӣ Ҳалим дар Душанбе фаъоланд» мақолаи ҷолиби журналисти шинохта Ҷамила Ҳусейноваро чоп кардааст.
Ҳафтаномаи «Самак» бо саволи «Чаро мансабдорон мардумро саргардон мекунанд?» назарпурсӣ анҷом додааст. «Обама дар хоб» идомаи романи Аброри Зоҳир низ дар ин шумораи «Самак» чоп шудааст.
Ҳафтаномаи «Миллат» дар бораи Рафоат Абдусаломова аввалин наттоқи телевизиони Тоҷикистон мақолаи тарҷумаиҳолӣ нашр карда, инчунин андешаҳои Адолати Мирзоро бо сарлавҳаи «Косаи доғтар аз ош» дар хусуси мавқеъгириҳои кормандони радиои «Озодӣ дар инъикоси мушкилоти муносибатҳои Русия бо Туркия чоп кардааст.
Нашрияи ҳизбии «Минбари халқ» мақолаи Ҳуринисо Ализодаро бо сарлавҳаи «Мушкилоте, ки ба генофонди миллӣ таъсир мерасонад» пешкаши хонандагон намудааст. Муаллиф зикр кардааст: «Дору-бизнес, табиб-бизнесмен, бемор-мизоҷ сарчашмаи хушкнашавандаи бойшавии баъзе гурӯҳҳоест, ки бадбахтии одамон барояшон меъёри зиндагӣ шудааст».