Паймони кишварҳои НАТО дар мавриди ҳузурашон дар Афғонистон
Душанбе, 03.12.15. (АМИТ «Ховар»). — Дар ҳошияи ҳамоиши НАТО дар шаҳри Брюссел ҷаласа бахшида ба вазъияти Афғонистон ва дурнамои намояндагии «Дастгирии қатъӣ» ба манзури мусоидат ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар баргузор гардид.
Тавре ки Дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг дар нишасти матбуотӣ изҳор дошт, иштирокдорони чорабинӣ дар бораи соли 2016 давом додани ҳузури низомиён ҳам дар пойтахти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва ҳам берун аз ҳудудҳои он созиш карданд. Дар ҳоли ҳозир тағйироти зиёди теъдоди умумии ҷузъу томҳои низомӣ, ки қариб 12 ҳазор хидматчиёнро ташкил медиҳанд, дар давоми сол ба назар гирифта нашудааст.
Вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои эътилоф нақшаҳои маблағгузории минбаъда ба қувваҳои Афғонистонро мавриди муҳокима қарор доданд. Дар ҷараёни ҷаласа бархе ҷонибҳо ваъдаҳои мушаххас доданд, вале дар бораи тахсиси маблағҳо барои дастгирии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ то соли 2020 тасмими қатъӣ гирифта нашудааст.
Ғайр аз ин, дар ҷараёни ҷаласа вазифаи густариши ҳамкорӣ бо Афғонистон, аз ҷумла дурнамои минбаъдаи ҳузури Эътилоф баъди анҷоми фаъолияти намояндагии «Дастгирии қатъӣ» зикр гардид, хабар медиҳад дафтари матбуоти НАТО.








Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






