Роҳбари ваҳдатофарин ва миллатсоз пешвои воқеии миллат аст
Душанбе, 12.12.2015. (АМИТ Ховар).- Таърих дар хотирааш ҷойгоҳ ва манзалати шахсиятҳои фаровонеро сабт намудааст, ки бо зоҳир намудани корномаҳои сиёсӣ дар таҳаввулоти замонаҳо аз ҳар нигоҳ нақши муассир гузоштаанд. Агар мо ба гузаштаи миллатҳои мутамаддини ҷаҳон аз ин равзана назар афканем, воқеияти ин андеша мусаллам мешавад, ки мақоми шахсиятҳо дар офариниши таърих ва раҳнамоии миллату халқиятҳо ба сӯи офаринандагиву созандагӣ хеле бузург ва таъсиргузор будааст. Агарчӣ сиёсати хонадони Сомониён аз ҳар нигоҳ мавриди эътирофи коршиносон ва пажӯҳишгарони сиёсати ҷаҳонӣ қарор гирифтааст, ин амр, пеш аз ҳама, вобаста ба ҳузури шахсияти мунири Амир Исмоили Сомонӣ марбут аст, ки имрӯз ҳам барои миллати мо ба унвони раҳнамо тақдир мешавад.
Агар ба таърихи наздик ба 25- солаи давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дидаи басират назар афканем, ба равшанӣ ҳувайдост, ки Роҳбари давлат шоистагии хешро дар мақоми Пешвои миллат собит намудааст. Исботи касби ин мақом ба роҳбари давлат бо вуҷуди ҳуҷҷату санад, аллакай қаблан ва фикран мардуми кишвар Ҷаноби Олиро ҳамчун пешвои миллат қабул кардаанд.
Мусаллам аст, ки ҳама гуна миллатҳо аз халқият ва аҳолии мухталифи дорои одоб ва суннатҳои гуногун таркиб ёфтаанд ва ҳастиву бақои миллату давлатро танҳо ваҳдати ин мардум ва халқиятҳо метавонад таъмин намояд. Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо оғози фаъолият дар мақоми роҳбари Тоҷикистони дар гирдоби ҷанг ғарқидаистода бо умеду бовар ба неруи созандаи мардум ва ба хиради азалии миллии тоҷикон ба халқи азизи хеш аз минбари иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии кишвар ваъдаи сулҳ ва ваҳдати миллӣ намуд ва хушбахтона, ҳамин неъмати бебаҳоро барои мардуми хеш дар дарозои камтар аз панҷ сол ҳадя кард. Мардуми тоҷик ҳам бо такя ба хирад ва андешаи ояндасози роҳбари хеш дар атрофи эшон муттаҳид гардида, ин роҳи равшану пайдои пешгирифтаи раҳнамои худро бо сарбаландӣ тай намуданд. Ба ибораи дигар, аллакай аз ҳамон оғози роҳ халқи тоҷик дар симои Эмомалӣ Раҳмон аз самими дил чунин пешвову раҳнаморо шинохта, ихтиёри хешро ба дасти ҳамон раҳбари сулҳофарин супорида, роҳи қуллаи муродро бо сарбаландӣ ва умедҳои зиёд тай намуд. Анҷоми ҷанги шаҳрвандӣ, тантанаи сулҳу ваҳдат ва ташкили давлати воқеии Тоҷикистон дар марҳилаи нави таърихӣ, ки аз ҷониби бештар аз 150 кишвари олам эътироф гардид, маҳсули хидматҳои ҳамин шахсияти содиқ ба давлату миллати хеш мебошад. Агарчӣ имрӯз Тоҷикистон дар як фосилаи кӯтоҳ соҳибихтиёр, демократӣ, дунявӣ ва ягона гардида, дар анҷумани кишварҳои олам ва харитаи сиёсии ҷаҳони муосир ба ҳукми давлати мустақил сабт гардид, ин дастоварди беназири таърихӣ, пеш аз ҳама, тавассути расидани мардум ба ваҳдати миллӣ, касби иқтисодиёти пешқадам, таҳкими истиқлолияти энергетикӣ, мустақилияти коммуникатсионӣ ва корномаҳои дигари созанда муяссар шуд, ки дар саргаҳи ҳамаи ин муваффақиятҳо роҳбари оянданигар, миллатсоз ва ваҳдатофарин Эмомалӣ Раҳмон қарор дошт. Миллатсоз гуфтани мо, пеш аз ҳама, пайванд ба ҳамон андеша дорад, ки воқеан бар асари ҷанги шаҳрвандӣ Тоҷикистону тоҷикон ба вартаи нобудӣ фурӯ рафта истода буданд ва ҳузури таърихии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон тавонист, ки ба хотири дубора сохтани ватан ва миллат даст ба сӯи мардум дароз намуда, дар сафи пеш амри ҳидояти мардумро ба дӯши худ бигирад.
Боиси ифтихор аст, ки ин манзалати таърихии Эмомалӣ Раҳмонро на танҳо халқи тоҷик, балки аксари чеҳраҳои сиёсии ҷаҳони муосир, хосса тоҷикони олам низ ба дурустӣ шинохтаанд ва пазируфта шудани Сарвари давлат ба ҳайси Раиси Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон аз ин мақом ва ҷойгоҳи баланди эҳтиром дарак медиҳад. Ин анҷумани бонуфузи дорои мақоми ҷаҳонӣ, ки бештар ҳамсол ба истиқлолияти миллии тоҷикон буда, солҳост намояндагони миллати моро аз саросари олам зери парчами ваҳдати миллии хеш сарҷамъ намудааст, бидуни ин ҳама расмиятҳо аллакай Эмомалӣ Раҳмонро ба унвони пешвои худ пазируфта, мақоми таърихии он касро дар сарнавишти на танҳо тоҷикону тоҷикистониён, балки тоҷикони саросари ҷаҳон арҷгузорӣ кардааст. Пазироии тамоми узви ин Анҷуман аз Эмомалӣ Раҳмон ба унвони сарвари хеш таъкидест ба эътироф ва бозшиносии ҳаммиллати мо дар саросари ҷаҳон аз эшон чун пешво ва раҳнамои миллат.
Бозсозии низоми иқтисодӣ, барқарории комили харобаҳои баъдиҷангӣ ва расидан ба марҳилаи таҳаввулоти навин дар тамоми бахшҳои хоҷагии халқ ба давлат танҳо дар ҳоле муяссар мешавад, ки зимоми раҳнамоии онро пешвои ҳақиқӣ ва ояндабин дар ихтиёр дошта бошад. Ҳамин саодат ва ҳамин комгорӣ барои тоҷикону Тоҷикистон дар як фосилаи кӯтоҳи таърихӣ муяссар гардид, ки дар саргаҳи раҳнамоиҳои он Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба унвони ҳамин гуна пешво қарор дошт.
Имрӯз, ки мо дар айёми ҷаҳонишавӣ ва бархӯрдҳои фикриву сиёсии ҷаҳони муосир қарор дорем, миллати мо воқеан ба эътирофи расмии чунин пешвое, ки аллакай дар қалбҳои мардум ин мақомро соҳиб шудааст, ниёз дорад. Танҳо ҳузури чунин шахсиятҳои таҷрибадида, дар саҳнаи сиёсат озмудашуда ва соҳиби мактаби неруманди сиёсии хеш, ки ба хиради азалии миллӣ такя мекунад, метавонад роҳи дурусту равшанро бароямон имрӯзу фардову фардоҳои дигар нишон диҳад. Ғояҳои дурнигаронаи мактаби сиёсатмадории чунин пешвои сиёсӣ, ки дар андешаҳои ба ақли солим, афкори пешқадами ниёкон, назарияҳои давлатдории миллии таҷассумёфта дар таълимоти давлатмардони гузашта ва сиёсатмадорони пешқадами сатҳи ҷаҳонӣ такя мекунанд, барномаи фардои зиндагонии шоистаи ҳар яки мо ва наслҳои оянда дар роҳи таҳкими пояҳои давлати миллии мо хоҳад буд.
Анвар МАҚСУДОВ,
Ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров