С.Лавров ва Ф.Могерини рӯйхати гурӯҳҳои террористиро муҳокима намуданд
Душанбе, 04.12.15. (АМИТ «Ховар»). — Роҳбари дипломатияи Иттиҳоди Аврупо Федерика Могерини ва Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров вазъи таҳияи рӯйхати гурӯҳҳои террористӣ ва намояндагони мухолифин дар ҷараёни раванди ҳалли вазъияти Сурияро, ки дар шаҳри Вена интишор шудааст, мавриди муҳокима қарор доданд, гуфта мешавад дар баёнияи хадамоти сиёсати хориҷии Аврупо.
«Ф.Могерини ва С.Лавров перомуни бӯҳрони Сурия дар бораи зарурати нигоҳ доштани раванди дар шаҳри Вена оғозёфта ва ноил шудан ба натоиҷи мушаххас табодули афкор намуданд. Онҳо дар ин росто иқдомоти минбаъдаи раванд ва, аз ҷумла, кореро, ки бояд дар мавриди таҳияи рӯйхати гурӯҳҳои террористӣ ва намояндагони мухолифин барои муколама бо режим иҷро гардад, муҳокима намуданд. Муколамаро бояд вакили махсуси СММ дар ҳошияи нақшаи дар шаҳри Вена мутобиқшуда оғоз намояд», — хабари Хадамоти сиёсати хориҷии Аврупоро иқтибос меорад РИА «Новости».
С.Лавров ва Ф.Могерини рӯзи панҷшанбе дар ҷараёни ҷаласаи САҲА дар Белград мулоқот анҷом доданд.
Ёдовар мешавем, ки 14 ноябр дар Вена мулоқоти байналмилалӣ оид ба Сурия баргузор гардид. Иштирокдорони гуфтушунид аз рӯи бархе гурӯҳҳои террористон созиш ба даст оварда, «Давлати исломӣ» ва «Ҷабҳат -ан — Нусра» — ро ба рӯйхати созмонҳои террористӣ дохил намуданд. Онҳо ҳамчунин тасмим гирифтанд, ки гуфтушунидҳои ҳукумати кишвар ва мухолифин бояд на дертар аз 1 январи соли оянда оғоз ёфта, тайи 18 моҳ дар ҷумҳурӣ бояд аз рӯи конститутсияи нав интихобот баргузор шавад.
С.Лавров дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии САҲА ҳамчунин бо котиби давлатии ИМА Ҷон Керри мулоқот анҷом дод. Лавров пеш аз оғози гуфтушунид бинобар рух додани оташфишонӣ дар маркази иҷтимоии шаҳри Сан — Бернаринои иёлати Калифорния, ки бар асари он 14 нафар ба ҳалокат расиданд, изҳори тасаллият намуд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад






