С.Лавров ва Ф.Могерини рӯйхати гурӯҳҳои террористиро муҳокима намуданд

Декабрь 4, 2015 05:13

Душанбе, 04.12.15. (АМИТ «Ховар»). — Роҳбари  дипломатияи Иттиҳоди  Аврупо  Федерика Могерини ва  Вазири  корҳои  хориҷии  Русия  Сергей  Лавров  вазъи  таҳияи   рӯйхати  гурӯҳҳои террористӣ  ва   намояндагони  мухолифин дар  ҷараёни  раванди  ҳалли  вазъияти  Сурияро, ки  дар  шаҳри  Вена  интишор  шудааст,  мавриди  муҳокима  қарор  доданд, гуфта  мешавад  дар  баёнияи хадамоти  сиёсати  хориҷии Аврупо.
«Ф.Могерини  ва  С.Лавров перомуни  бӯҳрони   Сурия дар  бораи   зарурати  нигоҳ  доштани  раванди  дар  шаҳри  Вена   оғозёфта ва  ноил  шудан  ба   натоиҷи  мушаххас  табодули  афкор   намуданд. Онҳо  дар  ин  росто иқдомоти   минбаъдаи   раванд ва,  аз  ҷумла,  кореро, ки  бояд  дар  мавриди  таҳияи  рӯйхати  гурӯҳҳои террористӣ ва намояндагони  мухолифин  барои  муколама бо режим иҷро  гардад,  муҳокима  намуданд. Муколамаро  бояд вакили   махсуси  СММ  дар   ҳошияи  нақшаи  дар  шаҳри  Вена  мутобиқшуда  оғоз  намояд», — хабари Хадамоти  сиёсати  хориҷии Аврупоро иқтибос  меорад РИА «Новости».
С.Лавров  ва  Ф.Могерини  рӯзи  панҷшанбе  дар  ҷараёни  ҷаласаи САҲА дар  Белград  мулоқот анҷом  доданд. 
Ёдовар  мешавем, ки 14  ноябр  дар  Вена  мулоқоти байналмилалӣ  оид ба  Сурия  баргузор гардид. Иштирокдорони  гуфтушунид аз  рӯи  бархе   гурӯҳҳои террористон созиш ба  даст оварда, «Давлати  исломӣ» ва «Ҷабҳат -ан — Нусра» — ро  ба рӯйхати  созмонҳои террористӣ  дохил  намуданд. Онҳо ҳамчунин  тасмим  гирифтанд, ки  гуфтушунидҳои  ҳукумати кишвар  ва  мухолифин  бояд  на  дертар  аз 1  январи  соли  оянда  оғоз  ёфта,  тайи  18  моҳ  дар  ҷумҳурӣ  бояд  аз рӯи  конститутсияи  нав  интихобот  баргузор шавад. 
С.Лавров  дар  ҳошияи ҷаласаи Шӯрои  вазирони   корҳои  хориҷии  САҲА ҳамчунин  бо   котиби  давлатии  ИМА Ҷон  Керри  мулоқот анҷом дод. Лавров  пеш  аз  оғози  гуфтушунид бинобар  рух додани  оташфишонӣ  дар  маркази  иҷтимоии  шаҳри Сан — Бернаринои  иёлати Калифорния, ки бар  асари  он 14  нафар  ба  ҳалокат расиданд, изҳори  тасаллият  намуд. 

Декабрь 4, 2015 05:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст