Сокинони шаҳри Турсунзода бо чунин Пешвои миллат ифтихори беандоза ва сарфарозиҳо доранд

Декабрь 11, 2015 05:11

Душанбе, 11.12.2015. (АМИТ «Ховар) — Шаҳрвандони шаҳри Турсунзода аз қабул шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат» хушнуд гардида, ин мартабаро барои Сарвари давлат   муборакбод мегўянд. Дар муроҷиатномаи сокинони ин шаҳр, аз ҷумла омадааст:
 -Мақоми  Пешвои миллат барҳақ  шоистаи Шумо, муҳтарам Президенти мамлакат мебошад, зеро  бо гузашти 24 соли соҳибистиқлолӣ мардуми кишвар ва ҷомеаи ҷаҳонӣ Шуморо ҳамчун  Сарвари давлати мустақили навини тоҷикон, шахсе, ки таҳти роҳбариаш илман ва амалан давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаи Тоҷикистон бунёд гардида, ба харитаи сиёсии ҷаҳон ворид шуд, шинохтанд. 
 Давр шаҳодати таърихӣ медиҳад, ки маҳз дар заминаи кўшишҳои пайваста ва фидокориҳоятон давлати мустақили тоҷикон бо ҷилои нав эҳё гардид. Тоҷикон ҳамчун миллати дорои забон, фарҳанг ва таърихи қадимӣ ба ҷаҳониён муаррифӣ  шуданд. Барои қадршиносии  корҳои неку писандидаи қаҳрамонони миллати сарбаланд шароити мусоид фароҳам омад. Чунин фазо ба мардум имкони дарки онро дод, ки Сарвару Пешвои худро шиносанд.
Ба қадри чунин роҳбар расидан, Шуморо Пешвои миллат эътироф кардан, ному мартабаи чунин Пешворо гиромӣ доштан ва роҳи интихобкардаи Шуморо ҳифз кардану идома доданро  мардуми шаҳри Турсунзода ифодаи эҳтиром ба роҳи таърихии талошҳоятон ҳамчун муборизи миллат дониста, имрўз бо чунин Сарвар ва Пешво ифтихори беандоза ва сарфарозиҳо менамоянд. 
Мардуми шаҳри Турсунзода итминон доранд, ки таҳти сарварии Шумо, муҳтарам Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ватани азизамон боз ҳам шукуфонтар гардида, мардуми он дар фазои сулҳу субот бо пешбурди зиндагии саодатмандона пайи корҳои созандаву бунёдкорона  мегарданд.
Сарбаландиву мақоми шоиста муборак бод!
 Бо эътиқоди беандоза  мардуми  шарафманди  шаҳри Турсунзода

 

Декабрь 11, 2015 05:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 14 август дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд
ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Рашт 10 коргоҳи истеҳсолию корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад
Ғолибони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» муайян гардиданд
Бонки миллии Тоҷикистон аз паҳн гардидани боз як навъи қаллобӣ ҳушдор медиҳад
Дар Бохтар оид ба кам кардани талафоти неруи барқ ҷаласа доир гардид
Ҷалби сармояи Чин ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид