Таҷлили 100 — солагии Носирҷон Маъсумӣ дар АИ ҶТ

Декабрь 17, 2015 09:09

Душанбе, 17.12.2015 (АМИТ «Ховар»).- Дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 100 — солагии зодрӯзи узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, суханшинос ва донишманди фарзонаи тоҷик Носирҷон Маъсумӣ дар мавзӯи “Носирҷон Маъсумӣ ва саҳми ӯ дар рушду такомули филологияи тоҷик” ҷаласаи илмӣ баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ “Ховар”хабарнигори хадамоти матбуотии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Шервони Умриддин хабар дод.
Ноиби  президенти АИ ҶТ, академик Кароматулло Олимов дар мавзӯи “Носирҷон Маъсумӣ муҳаққиқи проблемаи ташаккули ҷаҳонбинии нав дар адабиёти тоҷики давраи шӯравӣ”, доктори илмҳои филология Сахидод Раҳматуллозода дар мавзӯи “Зиндагинома ва фаъолияти илмӣ-омӯзгорӣ ва ҷамоатчигии Носирҷон Маъсумӣ”, академик Хуршеда Отахонова дар мавзӯи “Саҳми устод Носирҷон Маъсумӣ дар таъсиси бойгонии адибон ва матншиносии адабиёти муосири тоҷик”, профессор Ғаффор Ҷӯраев дар мавзӯи “Носирҷон Маъсумӣ ва мактаби услубшиносии тоҷик” ва дигарон маърӯза карданд . 
Носирҷон Маъсумӣ аз зумраи он донишмандоне мебошад, ки дар инкишофи илму адаб ва филологияи тоҷик саҳми бузург гузоштааст. Соҳаҳои фаъолияти ӯ гуногун буда, ҳамчун омӯзгор, шоир, мунаққиди адабию адабиётшинос, забоншинос, фолклоршинос, луғатшинос, инчунин ташкилотчии моҳири корҳои илмию адабӣ ва ҷамъиятӣ шинохта шудааст.
Носирҷон Маъсумӣ 2 — уми майи соли 1915 дар деҳаи Қаротоғи водии Ҳисор таваллуд шудааст. Фаъолияти меҳнатии ин олими шинохта баъди хатми курси дусолаи муаллимии шаҳри Самарқанд (соли 1930) оғоз гардидааст. Носирҷон Маъсумӣ соли 1954 дар мавзӯи “Забон ва услуби повести “Марги судхӯр” — и Садриддин Айнӣ” рисолаи илмӣ дифоъ намуда, соҳиби унвони номзади илм гардидааст. 
Китоби ӯ “Фолклори тоҷик” (1952) аввалин китоби дарсии ин соҳа барои мактабҳои олӣ мебошад.
Симои Носирҷон Маъсумӣ дар дилу дидаи мардум ҳамчун шахси фозилу донишманд, адиб ва муҳаққиқи барҷаста  боқӣ мемонад.

Декабрь 17, 2015 09:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ–адабӣ гузаронида шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Рустами Эмомалӣ аз ҷойҳои таърихию муқаддаси шаҳри бостонии Бухоро боздид намуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон ҳамоиши идона доир шуд
Дар «Саноатсодиротбонк» бахшида ба Рӯзи Конститутсия ҳамоиши маърифатӣ баргузор гардид