Толибон якдигарро мекушанд
Душанбе, 09.12.15. (АМИТ «Ховар»). – Теъдоди талафоти ҷангиёни «Толибон» дар ҷараёни задухӯрдҳои байни худ дар вилояти Ҳироти Афғонистон то имрӯз ба 24 нафар расидааст.
Амалиётҳои ҳарбӣ субҳи рӯзи душанбе дар вулусволии Шиндон оғоз ёфта, мувофиқи ҳисоботи намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ то имрӯз идома доранд.
Иштирокдорони задухӯрдҳои мусаллаҳона ҷонибдорону муқобилони роҳбари ҳозираи ҷунбиши «Толибон» мулло Ахтар Мансур ба шумор мераванд.
Худи намояндагони мухолифини мсаллаҳи оштинопазир то имрӯз моҷарои дар Ҳирот рухдодаро шарҳ надодааст, хабар медиҳад Агентии иттилоотии «Хома пресс».
Қобили зикр аст, ки роҳбарияти ҷунбиши шӯришгарон ба ҳадди имкон кӯшиш менамояд, ки маълумотро дар бораи ихтилофот дар сафҳои «Толибон», хусусан баъди паҳншавии хабарҳо дар бораи захм бардоштани худи мулло Мансур дар ҷараёни боз як ихтилофоти дохилӣ дар Покистон овоза накунад.








Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд






