В.Путин фармонро дар бораи тадбирҳои махсуси иқтисодии зидди Туркия ба имзо расонид

Декабрь 29, 2015 06:23

Душанбе, 29.12.15. (АМИТ «Ховар»). — Президенти  ФР Владимир  Путин  фармонро  дар  бораи рӯи  кор  овардани  тадбирҳои   махсуси  иқтисодӣ   нисбат ба  Туркия  ба  имзо  расонид,  хабар  дод  дафтари  матбуоти  Кремл. 
«Президенти  Русия В.В.Путин   Фармон «Дар  бораи  ворид  намудани   тағйирот  ба Фармони Президенти Федератсияи  Русия  аз  28  ноябри  соли  2015  « Дар  бораи  тадбирҳо барои  таъмини  амнияти  миллии  Федератсияи  Русия  ва  ҳифзи   шаҳрвандони  Федератсияи  Русия  аз кирдорҳои ҷинояткорона ва амалҳои  дигари  ғайриқонунӣ ва  дар  бораи  дидани  чораҳои  махсуси  иқтисодӣ  нисбат ба Ҷумҳурии  Туркия» — ро  ба имзо  расонид, — гуфта  мешавад  дар  хабар.
Баъди  24  ноябр  дар  Сурия  ҳавопаймои  бомбаандози  Су — 24 — и   Русияро  сарозер  кардани   тайёраи  қиркунандаи  F — 16 — и   Туркия   муносибатҳои  ФР  ва Туркия  дучори  вазъияти   бӯҳрономез   гардиданд. Президенти  ФР  Владимир  Путин  инро «хиёнати»  пайравони  террористон  маънидод  кард. Баъди  ҳодиса Президенти  ФР  фармонро  дар  бораи  тадбирҳо  оид ба  таъмини  амнияти  миллӣ ва  чораҳои   махсуси  иқтисодӣ  нисбат ба  Туркия   ба  имзо расонид.
Аз  ҷумла,  Русия  аз 1  январи  соли  2016 аз Туркия   ворид  намудани  як қатор  маҳсулотро манъ  ва  эътибори   низоми  бераводид  бо  Туркияро   қатъ  ва сафарҳои   иловагиро  бекор намуд. Ғайр  аз ин аз  1  январи  соли 2016 қабули  кормандон аз  ҷониби  корфармоён  аз ҷумлаи  шаҳрвандони  Туркия манъ  карда  мешавад. Президент  аз ин  пеш  супориш дода буд, ки  фаъолияти  созмонҳои  таҳти васояти  Туркия  қарордошта дар  қаламрави  ФР  манъ ё  маҳдуд  карда  шавад. 

 

Декабрь 29, 2015 06:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд