Вашингтон гуфтаҳои Путинро дар мавриди ҳавопаймои аз ҷониби Туркия сарозершуда шарҳ дод

Декабрь 18, 2015 09:52

Душанбе, 18.12.2015. (АМИТ «Ховар»). — Амрико хостори ангезонидани низоъ миёни Русия ва Туркия нест, — изҳор дошт сухангӯи Кохи Сафед Ҷош Эрнест дар посух ба суоли рӯзноманигорон оид ба шарҳ додани суханони президенти Русия вобаста ба сабабҳои сарозершавии Су-24.
Ёдовар мешавем, ки 17-уми декабр президенти Федератсияи Русия Владимир Путин дар нишасти матбуотӣ зикр кард, ки мумкин аст, бомбаандози Русияро Туркия ба хотири додугирифти сиёсии ба худ хос ё махсус бо ИМА сарозер карда бошад.
Аммо, бино ба иттилои шабакаи телевизионии «Звезда», Ҷ. Эрнест ба ин гуфтаҳо розӣ нест. Тибқи маълумоте, ки ба ихтиёри Вашингтон расидаанд, ҳавопаймои Русия ҳарими ҳавоии Туркияро вайрон кардааст. Ва дар Кохи Сафед медонанд, ки сарнишинони Туркия ҳамтоёни русиягиашонро оид ба тағйир додани хати парвозашон ҳушдор додаанд, вале ин ҳушдорҳо бе ҷавоб мондаанд, — гуфт сухангӯи Кохи Сафед Ҷ. Эрнест. Ӯ ҳамчунин афзуд, ки ИМА Туркияро ҳамчун иттифоқчиаш дар НАТО дастгирӣ мекунад.
Дар баробари ин, ИМА ҳам Русия ва ҳам Туркияро даъват мекунанд, ки ба созиш оянд. 
«Мо, бо назардошти мушкилоти назаррас, ки ҳамагон дар Сурия рӯ ба рӯ мешавем, хосторӣ онем, ки Русия як роҳи кореро дар рӯҳияи ҳамкорӣ бештар бо ИМА ва шариконамон дар эътилоф, ки ба он Туркия низ шомил аст, пайдо намояд», — гуфт сухангӯи Барак Обама.

 

Декабрь 18, 2015 09:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад