ВКД: Садамаҳои марговар дар вилояти Хатлон

Декабрь 11, 2015 05:12

      Душанбе, 11.12.2015. (АМИТ «Ховар) -9 декабри солир равон, ронандаи мошини тамғаи “Опел-Вектра” сокини 42-солаи ноҳияи Ёвон, ҳангоми ҳаракат аз шаҳраки Ёвон ба ҷониби  ноҳияи Рӯдакӣ, дар ҳудуди деҳаи Ҷавонии ҷамоати деҳоти  Даҳана аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба мошини тамғаи “Мерседес-Бенс”, таҳти идораи ронанда, сокини 26-солаи ноҳияи А.Ҷомӣ бархӯрдааст. Дар натиҷа ронандаи мошини тамғаи “Опел-Вектра” ва мусофираш сокини 53-солаи ноҳияи Ёвон, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. 
            Инчунин ронандаи мошини “Мерседес-Бенс” ва мусофири мошини “Опел-Вектра”, сокини 24-солаи ноҳияи Ёвон ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаи марказии ноҳия бистарӣ шудаанд. 
Рӯзи 10 декабри соли равон ронандаи мошини тамғаи “Опел-Астра”,  сокини 31-солаи ноҳияи Фархор, ҳангоми ҳаракат аз  деҳаи Арча ба сӯйи  деҳаи Сомониёни ҷамоати деҳоти Деҳқонариқ, дар гардиши роҳи самти ноҳияи Ҳамадонӣ қоидаҳои ҳаракати роҳро риоя накарда, ба мошини тамғаи “Мерседес-Бенс”, таҳти идораи ронанда, сокини  30-солаи ноҳияи Ҳамадонӣ бархӯрдааст. Дар натиҷа мусофири мошини “Опел-Астра” сокини 29-солаи ноҳияи Фархор ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. 
                                          
 

 

Декабрь 11, 2015 05:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад