Ҳолати кунунии Аҷинатеппа-ин мавзеи таърихӣ ташвишовар аст
Душанбе, 14.01.2016. (АМИТ «Ховар»).-Ҳолати имрӯзаи харобаи маъбади будоии Аҷинатеппа-мавзеи таърихие, ки аз қарнҳои 7-8 то ба мо расидааст, беҳбудӣ мехоҳад. Ин маъбад, ки ҳамчун мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО эътироф шудааст, дар қаламрави ноҳияи Вахш қарор дошта, аз таърихи қадимии водии Вахш ҳикоят мекунад.
Ба ин мавзеъ ҳар сол меҳмонони зиёд аз дохил ва хориҷи кишвар ташриф меоранд. Аммо деворҳои маъбад аз боридани барфу борон хароб шуда, саҳни ин мавзеи бостониро алаф пӯшонидааст. Гоҳе ҳатто чорвои хонагиро ҳам даруни маъбади Аҷинатеппа мушоҳида кардан мумкин аст. Ҳолати феълии ин маъбади буддоӣ бостоншиносонро ба ташвиш овардааст ва онҳо мегӯянд, ки агар мақомоти масъул аз пайи ҳифз кардани он нашаванд, шояд ин ҷойгоҳи таърихӣ дар чанд соли оянда комилан вайрон шавад.
Ба гуфтаи Наҷибулло Ҳақназаров, роҳбари ин мавзеи таърихӣ, ҳангоми боридани борон ба маъбад даромада намешавад. Ҳарчанд масъулин деворҳои ин мавзеъро таъмир мекунанд, вале ҳар як бориш боз меҳнати онҳоро барбод медиҳад.
Аҷинатеппа яке аз мавзеъҳои нодири таърихӣ буда, муаррификунандаи фарҳанги ғановатманди тоҷик мебошад. Ҳангоми ковишҳои археологии Аҷинатеппа дар солҳои 60-уми асри гузашта ашёи бостонӣ, назири сафол, маснуоти шишагию фулузӣ ва сиккаҳо ёфт шудаанд. Аммо муҳимтарин бозёфт дар Аҷинатеппа муҷассамаи 12-метраи Буддои дар ҳолати нирвона ё хобида аст, ки номи ин мавзеъро дар сартосари Иттиҳоди Шӯравӣ ва кишварҳои ҷаҳон машҳур кард. Дар канори муҷассамаи бузурги Буддо дар ин маъбад муҷассамаҳои хурди Буддои нишаста, муҷассамаҳои гилии рангубор додашудаи иблис, роҳиб ва сокинони ин минтақа кашф шуда буд. Ҳоло муҷассамаи бузурги Буддо дар ҳолати нирвона дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе нигоҳдорӣ мешавад.
Аҷинатеппа аз соли 2008 инҷониб таҳти ҳимояи мероси фарҳангии ЮНЕСКО қарор дошта, дар соли 2009 деворҳои боқимондаи ин маъбад таъмир шуданд. Ҳамчунин бо мусоидати молиявии давлати Ҷопон ба атрофи ин мавзеи таърихӣ симтӯр кашида шуд. Вале барои ҳифз, тармим ва бозсозии ин осори бостонӣ, ба гуфтаи коршиносон, маблағҳои бештаре лозиманд.
Н. Ҳақназаров дар суҳбат зикр кард, ки дар сурати барои бозсозии комили ин мавзеъ мусоидат намудани Вазорати фарҳанг ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Вахш имкон дорад, ки маъбади Аҷинатеппа зиёратгоҳи сайёҳони дохилию хориҷӣ, аз ҷумла, пайравони мазҳаби буддоии ҷаҳон шавад.








Ёдгориҳои Хутали Қадим таъриху фарҳанги бостонии миллати тоҷикро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ менамояд
«ҲАФТРАНГ БА ХОТИРАИ УСТОД». Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоишгоҳ оғоз гардид
САДА — ҶАШНИ БОСТОНИИ МАРДУМИ ТОҶИК. Нуру гармӣ ҷавҳар ва рамзу асли зиндагиофарии ин ид мебошанд
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАРГАР. Мардуми тоҷик давоми ҳазорсолаҳо бо санъати заргарии худ шуҳрат пайдо кардааст.
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. «Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ» дар таҳрири нав таҳия шудааст
2 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2026 филмҳои миллӣ дар платформаи нави синамоии «tojikfilm.tv» намоиш дода мешаванд
Китоби «Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ» ба нашр расид
Дар Осорхонаи миллӣ дастовардҳои ғолибони озмуни «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» ба намоиш гузошта шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Моҳи феврал лоиҳаи қонун «Дар бораи бостоншиносӣ» ба Ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод мегардад
ТЕЛЕВИЗИОНИ РАҚАМӢ. Соли равон корҳои насби таҷҳизот ва такмили қисми техникӣ оғоз мегарданд






