Ба ифтихори 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Боқӣ Раҳимзода конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид

Октябрь 23, 2025 14:20

ДУШАНБЕ, 23.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ба ифтихори 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Боқӣ Раҳимзода дар мавзуи «Боқӣ Раҳимзода ва муҳити адабии садаи ХХ» конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ баргузор гардид.

Тавре аз ин донишгоҳ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҳамоиш  дар доираи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташаббуси фарҳангпарваронаи Ҳукумати мамлакат бо иштироки доираи васеи олимон ва шоирону нависандагон гузаронида шуд.

Зимни конференсияи илмию амалӣ иштирокчиён аз нақши мондагори устоди зиндаёд Боқӣ Раҳимзода дар рушду нумуи адабиёт, баланд бардоштани тафаккури миллӣ ва маҳбубияту маъруфияти шоир дар байни ҳаводорони шеъру шоирӣ ёдовар шуданд.

Иброз гардид, ки ашъори дилангези Боқӣ Раҳимзода як навъ бозтоби маънавият, ахлоқ, суннат ва дар маҷмуъ тафаккури миллии тоҷикӣ аст. Ҳамин аст, ки нақши шоири ватансаро дар рушди маънавиёти ҷомеа ва тарбияи насли ҷавон дар руҳияи хештаншиносию ватандӯстӣ ниҳоят барҷаста аст.

Иштирокчиён дар мавзуъҳои «Оини бародархондагӣ», «Ҳикматҳои мардумӣ дар осори Боқӣ Раҳимзода», «Ҳунари шоирии Боқӣ Раҳимзода», «Боқӣ Раҳимзода-тарбиятгари наслҳо» ва «Боқӣ Раҳимзода дар таҳқиқоти Иржи Бечка» маъруза намуданд.

Шеърҳои аввалини Боқӣ Раҳимзода аз охири солҳои 30-юми асри гузашта чоп шудаанд. Ӯ дар баробари шоири ҳақиқӣ инсони бузург ва тарбиятгари шоирони ҷавон низ буд. Аз соли 1948 то охири ҳаёташ вазифаи мушовири Иттифоқи нависандагони Тоҷикистонро ба уҳда дошт. Аз соли 1940 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд. Боқӣ Раҳимзода 30 январи соли 1980 аз олам даргузашт.

Эҷодиёти шоир бою рангин буда, шеърҳои аввалинаш охири солҳои 30-юми асри гузашта чоп шудаанд. Соли 1945 маҷмуаи аввалинаш бо номи «Ба фронт» чоп шуд. Баъдан китобҳояш «Иди Ғалаба» (1946), «Солҳои оташин» (1948), «Барги сабз», «Ҳаёт ва сухан» (1955), «Чашма» (1957), достони «Роҳи нури Офтоб» (ҳамроҳи Мирзо Турсунзода, 1964), «Роҳи тайшуда» (мунтахабот, 1966), «Илҳом» (1973), дуҷилдаи «Осор» (1975—1976), «Шохаи гул» (ба форсӣ, 1979), дуҷилдаи «Осор» (1982—1983) ва «Шеъру достонҳо» (1983) ба табъ расидаанд. Драмаҳои «Қиссаи Таърифхӯҷаев» (ҳамроҳи Абдусалом Деҳотӣ, 1953), «Дар сояи шипанг» (ҳамроҳи Муҳаммадҷон Рабиев, 1954), «Гаҳвораи тилло» (ҳамроҳи Саидсултон Саидмуродов, 1956) ва «Сияҳсувор» (1974) дар театрҳои ҷумҳурӣ ба саҳна гузошта шудаанд.

Ёдовар мешавем, ки 115-солагии шоир дар асоси «Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивал, намоиши иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025», ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2025 тасдиқ гардидааст, таҷлил карда мешавад.

АКС: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ

Октябрь 23, 2025 14:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид