Хоҷа Муҳаммад Осиф: Покистон бесаброна мунтазири барқарор намудани роҳи мустақими нақлиётӣ бо Тоҷикистон аст
Душанбе, 12.01.2016. (АМИТ «Ховар»).-Амалишавии лоиҳаи «САSA-1000»- робитаи дуҷонибаи Тоҷикистону Покистонро боз ҳам мустаҳкамтар намуда, фазои нави фаъолияти иқтисодиро ба вуҷуд меорад. Ин нуктаро Хоҷа Муҳаммад Осиф, вазири федеролии захираҳои об ва энергетикаи Ҷумҳурии Исломии Покистон зимни баргузории нахустин вохӯрии гурӯҳи муштараки корӣ оид ба масъалаҳои энергетика ва инфрасохтор байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии исломии Покистон дирӯз, 11 январ иброз дошт. «Ҳамкорӣ вобаста ба татбиқи лоиҳаи «САSA-1000»-миёни Тоҷикистон ва Покистон барои густариши амиқи робитаҳои таърихию фарҳангӣ мусоидат намуда, робитаҳои бародаронаи мавҷударо боз ҳам мустаҳкам мекунад»,-афзуд вазири федеролии захираҳои об ва энергетикаи Ҷумҳурии Исломии Покистон. Хоҷа Муҳаммад Осиф ҳамчунин таъкид намуд, ки ҳамон иқтидор ва дороие, ки мавқеи стратегии Покистон ба воситаи робитаҳои минтақавӣ дорад, ҳамаи роҳҳои имконпазирро ҷустуҷӯ менамояд. Дар ин самт амалишавии лоиҳаи «САSA-1000»-хеле муҳим ба ҳисоб меравад, афзуд номбурда.
«Покистон бесаброна мунтазири барқарор намудани роҳи мустақими нақлиётӣ бо Тоҷикистон аст ва дар ин самт орзуманди ҳарчи зудтар ҳал шудани мушкилоти мавҷуда дар ин масъала аст»,-изҳор дошт вазири федеролии захираҳои об ва энергетикаи Ҷумҳурии Исломии Покистон. Ба гуфтаи Хоҷа Муҳаммад Осиф мавҷудияти робитаҳои мустақими ҳавоӣ миёни Тоҷикистон ва Покистон масъалаи калидие аст, ки ҳамкории зич бо тиҷорат ва робита бо мардуми ҳар ду кишварро талаб мекунад. «Ҳамкорӣ дар самти мудофиа миёни Тоҷикистону Покистон рӯз то рӯз густариш ёфта истодааст, вале зарур аст, ки минбаъд низ дар ин самт ҳамкорӣ зичтар шаванд, то барои манфиатовари ҳарду кишвар мусоидат кунад»,-иброз дошт Хоҷа Муҳаммад Осиф .
Вазири федеролии захираҳои об ва энергетикаи Ҷумҳурии Исломии Покистон иттилоъ дод, ки Сарвазири Ҷумҳурии исломии Покистон барои ниёзмандони аз зилзилаи рӯзи 7-уми декабри соли 2015 зарардидаи Бадахшон дар ҳаҷми 1 млн. доллар кумаки башардӯстона ироа хоҳад кард. Хоҷа Муҳаммад Осиф иброз дошт, ки ин кумаки башардӯстона рӯзҳои наздик дастраси оилаҳои зарардида гашта, Покистон минбаъд низ Тоҷикистонро дар ҳама ҳолат дастгирӣ мекунад.
Ёдовар мешавем, ки яке аз ҳадафҳои сафари кории вазири федеролии захираҳои об ва энергетикаи Ҷумҳурии Исломии Покистон Хоҷа Муҳаммад Осиф ба Тоҷикистон- ин вусъат бахшидани ҳамкорӣ вобаста ба татбиқи саривақтии лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи «САSA-1000» ва имконияти сохтмони хатти интиқоли барқи иловагии 500 кв Тоҷикистон-Покистон мебошад.








Намояндаи Тоҷикистон бо Мудири кулли Шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид дар Женева мулоқот намуд
Дар Женева афзалият дар самти рушди устувори шаҳрҳо дар Тоҷикистон муаррифӣ гардид
Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Шри-Ланка мулоқот намуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири барқ, об ва энергияи таҷдидпазири Кувайт мулоқот кард
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» дар Тоҷикистон дар расонаҳои иттилотии Аморот инъикос ёфт
Моҳи майи соли 2027 дар Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба оғози Даҳсолаи таҳкими сулҳ баргузор мешавад
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии энергетикаи Покистон мулоқот намуд
Рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Умон баррасӣ гардид
Дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи маориф баррасӣ шуд
Шараф Шерализода бо ҳамраисони иҷроия ва аъзои Шурои директорони Палатаи муштараки савдои Швейтсария мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар ҷаласаи 32-юми Шурои IRENA иштирок намуд
Дар Женева чорабинии сатҳи баланд дар мавзуи «Сулҳи устувор дар Осиёи Марказӣ: сабақҳо аз Эъломияи дӯстии абадии Хуҷанд» доир шуд






