Хуҷанд: Олимпиада оғоз ёфт
Душанбе, 25.01.2016. (АМИТ «Ховар») -Дар бинои нави таълимии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд даври вилоятии олимпиадаи мактаббачагон аз рӯи фанҳои таълимӣ оғоз ёфт. Осим Каримзода, сардори раёсати маорифи вилояти Суғд зикр намуд, ки дар соли нав ба қоидаҳои гузаронидани олимпиадаҳои фаннӣ дигаргуниҳо ворид гардиданд. Аз ҷумла, барои ғолибон дар мавриди қабулшавиашон ба мактабҳои олӣ имтиёзи бештар дода мешавад. Даври олимпиадаи мактабиён 4 рӯз идома мекунад. Рӯзи аввал хонандагон аз рӯи фанҳои гуманитарӣ ва рӯзҳои минбаъда аз фанҳои дақиқ донишу маҳорати худро меозмоянд.








Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






