Идомаи маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо иловаҳои нав)

Январь 21, 2016 11:38

Душанбе, 21.01.2016. (АМИТ «Ховар»). — Дар кори маҷлиси Ҳукумати кишвар инчунин ҳисооботи Вазири молия Абдусалом Қурбониён ва раиси Кумитаи андоз Нусратулло Давлатзода шунида шуд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба иҷро нагардидани дурнамои истеҳсоли пахта, ки яке аз роҳҳои таъсиси ҷойҳои нави корӣ аст, таъмин нагардидани нақшаи даромади андоз, ҷамъоварии ғайриқаноатбахши ҳаққи истифодаи нерӯи барқ изҳори нигаронӣ карда, супориш дод, ки назорат барои ислоҳи камбудиҳо пурзур карда шавад.

Дар робита ба пешгирии васлу насби дастгоҳҳои гуногуни худсохти гармидиҳанда ва истифодаи самараноки неруи барқ супориш дода шуд, ки то охири соли 2016 тамоми сохторҳои давлатӣ ба системаи гармидиҳанда пайваст карда шавад.

Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сардори Хадамоти гумрук Абдуфаттоҳ Ғоиб, директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа Сафаралӣ Наҷмидинов ва директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Рустами Эмомалӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти соҳаҳо дар соли 2015 ҳисобот доданд.

Дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Бонки миллӣ Нурмуҳаммадзода Ҷамшед дар бораи тадбирҳо вобаста ба беҳдошти низоми бонкдорӣ, қурби асъори миллӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ, Вазири саноат ва технологияҳои нав Шавкат Бобозода оид ба фаъолияти корхонаҳои саноатӣ, таъсиси коргоҳҳои нав, Вазири энергетика ва захираҳои об Усмоналӣ Усмонзода, Раиси Ширкати Саҳҳомии  Холдингии Кушодаи Барқи тоҷик Мирзо Исмоилзода дар бораи вазъи энергетикии мамлакат, тадбирҳо вобаста ба пешгирии талафоти неруи барқ ва ҷамъоварии ҳаққи истифодаи барқ, ҳамчунин директори генералии Ҷамъияти саҳҳомии Нерӯгоҳи барқии обии Роғун Хайрулло Сафарзода, Вазири нақлиёт Шералӣ Ганҷалзода гузориш доданд.

 

Январь 21, 2016 11:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқоти корӣ анҷом доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд