Кӯлоб: Ба қайд гирифтани 1678 ҷиноят дар соли 2015

Январь 21, 2016 10:05

Кӯлоб, 21.01.2016 (АМИТ «Ховар»)-Муовини сардори Раёсати корҳои дохилӣ дар минтақаи Кӯлоб Мирзозода Абдухолиқ зимни нишаси матбуотӣ аз натиҷаи корҳои соли 2015 иттилоъ дода, аз ҷумла зикр кард, ки кормандони милитсия дар натиҷаи корҳои фаврӣ ва ҷустуҷӯӣ дар минтақа ва шуъбаҳои зертобеи он 1678 ҷиноят ба қайд гирифта, аз ин 1453 ҷиноят тафтиш шудааст, ки 54 ҷиноят аз ҷониби ноболиғон содир шудааст.
Инчунин дар ин давра 7 ҷиноят дар ҳолати мастӣ, 216 ҷинояти вазнин, 10 ҷинояти куштор, 16 ҷинояти расонидани зарари ҷисмонӣ, 5 таҷовуз ба номус, 516 дуздӣ, 145 қаллобӣ, 170 ҷинояти иқтисодӣ, 133 ҷинояти вобаста ба маводи нашъадор ва дигар ҷиноятҳо ба қайд гирифта шудаанд. Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки аз минтақаи Кӯлоб 100 нафар ба гурӯҳҳои ифротгаро дар Сурия ва Ироқу Шом шомил буда, нисбат ба онҳо парвандаи ҷиноятӣ кушода шудааст.

Январь 21, 2016 10:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст