Кумитаи андоз барномаи компютерии электронии эъломияҳоро ба роҳ мондааст
Душанбе, 25.01.2015. (АМИТ «Ховар»).-“Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дар сатҳи замонавӣ ба роҳ мондани хизматрасонӣ ба андозсупорандагон барномаи компютерии ба тариқи электронӣ пешниҳод намудани эъломияҳоро ба роҳ мондааст, ки имрӯз бо истифода аз он зиёда аз 24 ҳазор (24000) андозсупоранда эъломияҳои худро пешниҳод намуда истодаанд”,-гуфт раиси Кумитаи андози кишвар Нусратулло Давлатзода имрӯз дар нишасти матбуотии ин ниҳод.
Ба гуфтаи масъулини ин ниҳод аз 1 июли соли 2015 тартиби дар шакли электронӣ истифода бурдани ҳисобнома-фактураҳои андоз аз арзиши иловашуда мавриди истифода қарор дода шуд. Барои беҳтар намудани хизматрасонӣ, истифодаи ин тартиб ва таҳия намудани санадҳои муқоисавӣ оид ба ҳолати ҳисоббаробаркунӣ бо буҷет дар нозироти андоз терминалҳо кушода шуда истодаанд, ки бо таҷҳизоти компютерӣ ва мутахассисон таъмин мебошанд.
Чунин терминалҳо аллакай дар нозироти андоз дар шаҳри Душанбе, шаҳрҳои Кӯлоб, Қурғонтеппа ва Хуҷанд кушода шуда, дар назар дошта шудааст, ки чунин терминалҳо давра ба давра дар дигар нозироти андоз низ ташкил шаванд.








Дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон саршумори бузи кӯҳии Морхӯр ба ҳисоб гирифта шуд
Марҳилаи дуюми лоиҳаи «Сохтмони шабакаҳои барқӣ дар деҳоти Ромит» оғоз гардид
Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад






