Кумитаи ҷавонон 355 нафарро ба Русия барои кори доимию мавсимӣ сафарбар кард
Душанбе, 14.01.2016. (АМИТ «Ховар»). -«Яке аз самтҳои асосии фаъолияти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ- ин мусоидат ба шуғли ҷавонон мебошад. Дар ин самт аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии “Биржаи меҳнатии ҷавонон” як зумра корҳо амалӣ шуданд». Ин нуктаро имрӯз зимни нишасти матбуотӣ раиси кумита Аҳтам Абдуллозода таъкид намуд.
Бино ба иттилои раиси кумита, дар соли 2015 аз ҷониби КВД «Биржаи меҳнатии ҷавонон” дар якҷоягӣ бо Раёсати Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати шаҳри Душанбе 28 ярмаркаи ҷойҳои корӣ (2014 — 16 ярамарка) гузаронида, дар онҳо 17100 нафар корҷўён (2014 — 6150 нафар корҷўён) иштирок намуда, ба 210 нафар роҳхат ба ташкилоту муассисаҳои пойтахт дода шуда, 355 (2014 — 311) муроҷиаткунанда ба Федератсияи Русия барои корҳои доимию мавсимӣ сафарбар шуданд.
“Дар баробари бо ҷойи кор таъмин намудани ҷавонон, КВД “Биржаи меҳнатии ҷавонон” дар давоми соли 2015 бо ҷавононе, ки майли муҳоҷирати меҳнатӣ доранд, суҳбатҳо доир намуда, зиёда аз 4500 маводи иттилоотӣ оид ба навоварии қонунгузориҳои Федератсияи Русия ва ба танзим даровардани раванди муҳоҷирати меҳнатии ҷавонон тақсим намуданд”,-илова намуд А.Абдуллозода








Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба нақши Конститутсия дар таъмини баробарии гендерӣ ҳамоиш доир шуд






