Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири федеролии захираҳои об ва энергетикаи Покистон

Январь 12, 2016 11:41

Душанбе, 12.01.2016. (АМИТ «Ховар»). — ​Имрӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири федеролии захираҳои об ва энергетикаи Ҷумҳурии Исломии Покистон Хоҷа Муҳаммад Осифро, ки бо ҳайати расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт.

​Дар мулоқот маҷмӯи васеи масоили кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкории Тоҷикистону Покистон баррасӣ шуд.

​“Мо ба ояндаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории судманди миёни Тоҷикистону Покистон хушбин ҳастем ва тамоми кӯшишу талоши заруриро барои рушду тавсеаи онҳо ба харҷ медиҳем” — таъкид дошт дар ҷараёни суҳбат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.

Вазири федеролии захираҳои об ва энергетикаи Ҷумҳурии Исломии Покистон Хоҷа Муҳаммад Осиф низ дар навбати худ изҳор дошт, ки «Дар вокеъ сафари давлатии ба наздикӣ анҷомдодаи Шумо муҳтарам Ҷаноби Олӣ ба Ҷумҳурии Исломии Покистон хеле гарму самимӣ ва пурмуҳтаво буд. Зимни он суҳбатҳои судманд анҷом ёфта, доираи васеи масоили дуҷонибаи кишварҳоямон муҳокима шуд ва натиҷаҳои пурбор ба даст омаданд».

Ҷонибҳо ҷоннок намудани фаъолияти Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика ва инфрасохторро, ки бо қарори якҷояи роҳбарони ду давлат таъсис дода шудааст, амри зарурӣ донистанд.

Таъкид гардид, ки оғози татбиқи лоиҳаи дорои аҳамияти минтақавӣ — сохтмони хатти интиқоли барқи CASA-1000 нақши басо муҳим дорад ва Тоҷикистон барои густариши ҳамкории зич ва ҷалби сармояи покистонӣ, қабл аз ҳама дар соҳаи инфрасохтор ва гидроэнергетика, ҳамаҷониба омода аст.

Дар ҷараёни суҳбат инчунин масъалаҳои ҳамкорӣ вобаста ба сохтмони роҳҳои мошингарду оҳан ва барқарор сохтани парвозҳои мустақим байни ду кишвар, иштироки ширкатҳои Покистон дар сармоягузории лоиҳаҳои гуногуни энергетикӣ, истихроҷи нафту газ ва канданиҳои фоиданоки Тоҷикистон, ҷалби ширкатҳои Тоҷикистон ба татбиқи лоиҳаҳои мухталиф дар Покистон, ҳамкорӣ дар самти таҳкими иқтидори мудофиавӣ, пурзӯр намудани ҳифзи сарҳадоти мо бо Афғонистон ва мубориза бо терроризм баррасӣ шуд.

Дар охири гуфтушунид Муҳаммад Осиф ба Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон хабар дод, ки «бо дастури Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Навоз Шариф мехоҳам ҳамдардии Ҳукумат ва мардуми Покистонро нисбати заминларзаи шадиди соли гузашта дар Бадахшон рухдода, ки дар натиҷаи он хисороти калон ба вуҷуд омад, расонам ва ҳамчунин кӯмаки башардӯстонаи Покистонро ба маблағи як миллион доллари ИМА пешниҳод намоям».

 

 

Январь 12, 2016 11:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Кристофер Ландауро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқоти корӣ анҷом доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд