Оғози маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Душанбе, 21.01.2016. (АМИТ «Ховар»). -Субҳи имрӯз таҳти раёсати Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.
Дар маҷлиси васеи Ҳукумат натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар дар соли 2015 таҳлил ва вазифаҳои асосӣ барои соли 2016 муайян мегардад.
Маҷлиси васеи ҷамъбастӣ бо иштироки роҳбарият ва аъзои Ҳукумати кишвар, роҳбарони идораҳои назди Президент ва Ҳукумати кишвар, дигар мақомоти марказӣ, воҳидҳои сохтории Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, корхонаю муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони муассисаҳои олии таълимӣ, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ, бонкҳои саҳҳомӣ, рӯзномаю маҷаллаҳои расмӣ ва дигар шахсони масъул сурат мегирад.
Зимни ҳисобот ва пурсишу посухҳо таваҷҷуҳи асосӣ ба роҳҳои коҳиш додани таъсири манфии омилҳои берунӣ ба иқтисоди Тоҷикистон, афзун намудани истеҳсолоти ватанӣ ва иқтидори содиротӣ, муҳайёсозии ҷойҳои корӣ, иҷрои пурра ва босифати қисми даромади буҷети давлатӣ, сарфакорона ба роҳ мондани хароҷоти маблағҳои буҷетӣ ва кам кардани хароҷоти дуюмдараҷа зоҳир карда мешавад.
Дар оғози кори маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакат дар соли 2015 ҳисобот дод.
Таъкид гардид, ки новобаста аз таъсири омилҳои беруна ба иқтисоди миллии кишвар мардуми Тоҷикистон бо амалӣ кардани як қатор тадбирҳо дар соли 2015 ба дастовардҳои назаррас ноил гардиданд.
Дар соли 2015 ҳаҷми ММД 6 фоиз зиёд шуда, 48,4 миллиард сомониро ташкил дод. Дар ин давра барои дастгирии буҷаи давлат 450 миллион сомонӣ ҷудо карда шуд.
Аз ҷониби Ҳукумати мамлакат барои рушди соҳаҳои иқтисоди миллӣ 15,7 миллиард сомонӣ ҷудо гардид. Давоми соли 2015 қисми даромади андози суғуртаи иҷтимоӣ 82 фоиз иҷро шуда, дар натиҷа 255 миллион сомонӣ ба буҷа ворид нагардид. Бақияи қарзҳо ба ҳолати 1 декабри соли 2014 — 653 миллион сомониро ташкил дод.
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад ва дар ҷараёни он ҳисоботи роҳбарони вазорату идораҳо вобаста ба иҷрои корҳо дар соли ҳисоботӣ шунида мешавад.














Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинӣ бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ ба маъракаи кишти пахта дар заминҳои хоҷагии деҳқонии «Мирхонд» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ 3 иншооти истеҳсолиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд






