Ҷоми Иттиҳод: Тоҷикистон бозиро ба Русия бохт

Январь 18, 2016 10:32

Душанбе, 18.01.2016. (АМИТ «Ховар»). — Рӯзи якшанбеи 17 январ дар шаҳри Санкт — Петербург мусобиқоти анъанавии байналмилалии Ҷоми Иттиҳод — 2016 оғоз ёфт. Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон оид ба футбол дар даври якуми вохӯриҳо дар гурӯҳи «В» бозиро бо ҳисоби 1:2 ба дастаи мунтахаби Русия бохт.
Футболбозони мо аввалин шуда ҳисоби бозиро кушоданд, вале афзалиятро аз даст дода, дар ниҳояти кор мағлуб шуданд. Ёдовар мешавем, ки сардовари бозӣ дар дақиқаи 39 -ҳум ба муҳофизи марказии дастаи кишвар Ойбек Абдуғаффоров корти сурхро нишон дода. ӯро аз майдон хориҷ кард.
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон 19 январ бо дастаи мунтахаби Эстония вомехурад.

Январь 18, 2016 10:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад