Омодагӣ ба форуми соҳибкорони Тоҷикистон — «Хатлон-2016»

Январь 21, 2016 08:46

Душанбе, 21.01.2016. (АМИТ «Ховар»).-Дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар вилояти Хатлон таҳти роҳбарии муовини раиси вилояти Хатлон Раҷабалӣ Раҷабов ҷаласаи Кумитаи тадорукоти вилоятӣ оид ба омодагӣ ба баргузории Форуми соҳибкорони мамлакат ва намоишгоҳи минтақавии молу маҳсулоти «Хатлон-2016» баргузор гардид.
Дар он Ш. Маҳмадаминов, роҳбари маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» оид ба ҷалби сармоя, дарёфти бозори фурӯши молу маҳсулот барои минтақаҳои озоди иқтисодӣ ба воситаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват намудани 10 нафар сармоягузори хориҷӣ ва Зафар Файзуллоев, мудири шуъбаи ташкилии дастгоҳи раиси вилоят дар хусуси дар шаҳри Кӯлоб таъсис додани ситоди доимоамалкунанда барои ҳалли масъалаҳои соҳаҳои дахлдор дар якҷоягӣ бо намояндагони вилоят дар баргузории форум таклифу пешниҳод ироа намуданд.

Январь 21, 2016 08:46

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ–адабӣ гузаронида шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Рустами Эмомалӣ аз ҷойҳои таърихию муқаддаси шаҳри бостонии Бухоро боздид намуданд