Пешниҳоди омӯзиши “Вазъи ҳуқуқии Пешвои миллат” дар макотиби таҳсилоти ҳамагонӣ ва олии кишвар
Душанбе, 05.01.2016. (АМИТ “Ховар”). — Дар саҳифаҳои равшани таърих нақши номдорони миллат, фарзандони абармарди тоҷик хеле возеҳ нишон дода шудааст, ки рӯзгору зиндагиномаи ин нафарон барои ҳар яки мо омӯхтанию ифтихоротӣ буда, ҳисси баланди миллиамонро болотар мебарад.
Аз назари воқеият хизматҳои шоёну ҷонисориҳои Устод Айниву Бобоҷон Ғафуров, Шоҳтемуру Нусратулло Махсум, Аббос Алиев ва садҳо шахсиятҳои таърихии мо барои ҳеч як нафаре норавшан нестанд.
Ҳар саҳифаи таърих гувоҳ ба фарҳангу тамаддуни бостонии мо буда, фарзандони ин миллат то ҳанӯз барои истиқлолу ваҳдат ва покии забони тоҷикӣ содиқанд.
Насли мо барои муаррифӣ ва нигоҳ доштани ғуруру ҳувияти миллии хеш хеле девори мустаҳкам доранд, ки метавонанд бо ҳифзи ин девор ва арҷгузорӣ ба он бо сари баланд гомҳои устувор гузоранд, аз таъриху аз миллати хеш ифтихорманд бошанд, номи неки шахсиятҳои бузурги тоҷикро эҳтиром кардаву сабақ бардоранд.
Давлату миллатҳои зиёде хастанд, ки натавонистаанд аз истиқлолу ваҳдат, забону фарҳанги хеш ҳифз кунанд ва ба нобудӣ расидаанд.
Дар раванди ҷаҳонишавӣ ва бархурди тамаддунҳо худогоҳиву хештаншиносӣ ва дониши баланди таърихиву сиёсӣ надоштани ҳар як миллат метавонад барояш хатарзо бошад.
Омӯзиши таҷрибаи таърихи ҷаҳонӣ ва назарбандиҳои илмӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки доштани “Пешвои миллат”, эътирофи бунёдгузори давлат барои рушди худшиносӣ ва роҳи ҳамвори тараққиёти давлатдорӣ вобаста ба шароити дохилию байналмилалӣ дар ҷаҳони ноором шарт ва зарур аст.
Соҳаҳои гуногуни илм низ аз ҷанбаҳои гуногун хизматҳои воқеии онҳоро қадршиносӣ карда, таъсири нек ва қавии чунин симоҳоро дар масири таърих барои рушд, ваҳдат ва пешрафти миллату ҷомеа ёдрас карда, шинохт ва эътирофи онҳоро ба мисли “Пешвои миллӣ”, “Падар-бунёдгузори давлат” ва монанди инҳо вогузор карда, ба фазои илмҳои сиёсатшиносӣ ва ҷомеашиносӣ ворид кардааст.
Дар илми ҳуқуқшиносӣ ва давлатшиносӣ назарияҳои мухталифи Пешвои миллат ва мақому манзалати он вуҷуд доранд.
Чунин ашхоси хизматнишондода дар ҳаёти сиёсии кишварҳояшон бо номҳои гуногун дар руҳу равон ва қалби мардумашон ҳифз ва ёдрас шуда, мақоми ҳуқуқии гуногунро доро буданд. Нигоҳе ба таърихи ниҳоди Пешвои миллат гувоҳи равшани ин гуфтаҳост.
Ба мисол дар Амрико онҳоро “Падарон — асосгузорони давлати Амрико” — Ҷорҷ Вашингтон, Ҷон Адамс, Томас Ҷеферсон, дар Туркия Падари миллати турк -Ататурк, дар Ҳиндустон “Падари миллати ҳинду” — М.К. Гандӣ, дар Покистон падар асосгузори давлати Покистон — Алӣ Муҳаммад Ҷиноҳ, дар Сингапур «Асосгузори давлати Сингапур» Ли Куан Ю, дар Қазоқистон “Пешвои милат” Н.А. Назарбоев ва инак дар Тоҷикистон “Пешвои миллат” Эмомалӣ Раҳмон шинохта шудаанд. Назарияҳои илмӣ ва таҳлилҳои ҳуқуқиву сиёсӣ нишон медиҳанд, ки аз шинохт ва эътирофи онҳо демократияи ин давлатҳо ва ё дигар озодиҳояшон ҳеҷ зарар надида, амали конститусионӣ ҳисобида шуда, роҳи суботи рушди давлат ҳифз шудааст. Хилофи арзишҳои демократӣ ва ғайриконститутсионӣ донистани масъалаи пешвои миллӣ, бештар ноогоҳии мунаққидон аз фазои гузашта ва имрӯзи ҷомеаи Тоҷикистон ва ҷаҳонро нишон медиҳад.
9 декабри соли равон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонун ”Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат”-ро қабул кард, ки он идомаи мантиқии дигар қонунҳое мебошад, ки вазъи ҳуқуқии Президент ва имрӯз Пешвои миллатро муайян мекунанд.
Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон на ҳамчун шахсият, балки ҳамчун арзиш ва сарвати миллӣ, ҳамчун меҳвари асосии ҳастӣ ва пойдории миллати тоҷик мақоми ҳуқуқӣ касб кардааст.
Вақте сухан дар бораи Пешвои миллат меравад, ба қадри ӯ расидан, номи ӯро гиромӣ доштан ва роҳи интихобкардаи ӯро ҳифз карда, идома додан- эҳтиром аз роҳи таърихии муборизаи халқи тоҷик барои истиқлолият буда, қадршиносӣ аз давлати миллӣ, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявии Тоҷикистон аст ва он ба таври ҳатмӣ бояд ҳамчун мавзӯи дарсӣ дар мактабҳо дарс дода шавад.
Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки дар кулли кишварҳое, ки шахсиятҳои барӯманди миллатҳо ҳамчун Пешвои миллат аз ҷониби халқ эътироф шудаанд, дар тадрисгоҳҳо корнамоии ин нафарон ҳамчун мавзӯи дарсӣ мавриди омӯзиши ҳамагон қарор гирифтааст.
Ҳамин тариқ, бо назардошти хизматҳои шоёни Сарвари давлат, Президенти кишвар ва Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун рамзи қадрдонӣ ва эҳтиром пешниҳод мешавад, ки мавзӯи “Вазъи ҳуқуқии Пешвои миллат” дар макотиби олӣ дар фанҳои сиёсатшиносӣ ва дар макотиби таҳсилоти ҳамагонӣ дар фанни таърих мавзӯоте мавриди баррасӣ ва омӯзишу таҳқиқ қорор гиранд, то насли нави имрӯз, ки даҳшати ҷанги шаҳрвандиро надидааст, бе гумон бидонад, ки барҳамзанандаи алангаи ҷанги хонумонсӯз маҳз Пешвои имрӯзаи миллат Эмомалӣ Раҳмон аст.
Омӯзиши “Вазъи ҳуқуқии Пешвои миллат” барои сиёсатмадорон, иқтисоддонҳо, файласуфу муаррихон ва дигар табақаҳои иҷтимоии ҷомеа муҳим ва зарур мебошад.
Умед аст пешниҳоди мазкур қобили қабули ҳамагон хоҳад буд, зеро аз рӯи таҳлили воқеияти имрӯзаи ҷомеаи Тоҷикистон, минтақа ва ҷаҳон, эҷоди институти ҳуқуқии Пешвои миллат як зарурати воқеии давлатдории мо дар шароити имрӯза мебошад.
Сиёвуш Наботов
устоди кафедраи ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон








МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Гул, бӯй ва меваи дарахти санҷид фоидаовар аст
ВОДИИ ЯҒНОБ- ОСОРХОНАИ ЗИНДАИ ЭТНОГРАФӢ. Ин мавзеъ таваҷҷуҳи сайёҳонро зиёдтар ҷалб менамояд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Шудгор аз аввали моҳи октябр то охири моҳи декабр гузаронида мешавад
МУАЛЛИМ–АҚЛ, ШАРАФ ВА ВИҶДОНИ ҶОМЕА. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
ОИЛАИ СОЛИМ. Омодасозии фарзандон ба ҳаёти мустақилона масъалаи муҳим аст
АСОСНОККУНИИ ИЛМИИ ТАШАККУЛ ВА РУШДИ СОҲАИ САЙЁҲӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Хуршед Мирзо: «Иқдоми муҳими Тоҷикистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ бунёди IT HUB DUSHANBE аст»
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПИРОНСОЛОН. Куҳансолон хазинаи бебаҳои инсоният мебошанд
Осори Мавлоно чун падидаи нодири адабиёт ва андешаи башарӣ то имрӯз аҳаммияти бузурги маънавию ахлоқӣ дорад
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Мулоҳизаҳо оид ба нақши Пешвои миллат дар таҳкими пояҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол
ҲАМДИЛӢ АЗ ҲАМЗАБОНӢ БЕҲТАР АСТ. Эҳдо ба Рӯзи бузургдошти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ
Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва таҳкими Истиқлолияти давлатӣ. Андешаҳо дар ин маврид






