Шамсулло Соҳибов президенти Ассотсиатсияи миллии намудҳои зимистонаи варзиши Тоҷикистон интихоб шуд
Душанбе, 07.01.2016 (АМИТ «Ховар»).-Шамсулло Соҳибов — намояндаи тиҷоратии Душанбе дар Бритониё ва Ирландияи Шимолӣ президенти Ассотсиатсияи миллии намудҳои зимистонаи варзиши Тоҷикистон интихоб шуд. Дар ин бора аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд. Вай ба ин мақом дар конфронси ин ассотсиатсия, ки 2 январ дар мавзеи Сафеддараи минтақаи Такоби ноҳияи Варзоб сурат гирифт, интихоб шудааст.
Роҳбари пешини Ассотсиатсияи миллии намудҳои зимистонаи варзиши Тоҷикистон Ибодулло Қурбонов ба далели беморӣ аз мақомаш истеъфо додааст.
Шамсулло Соҳибов ба навъҳои зимистонаи варзиш, бахусус лижаронии кӯҳӣ таваҷҷуҳи зиёд доштааст ва бинобар ин аз сӯи иштирокдорони конфронс ба ин вазифа якдилона интихоб гардид.
Бояд гуфт, ки мавзеи Сафеддара вазъи ногувор дошт ва баъди пайдо кардани соҳиби наваш дубора ба макони тамрини варзишгарон ва саёҳати ҷаҳонгардон табдил меёбад. Ҳоло роҳҳо то Сафеддара васеъ карда шуда, меҳмонхонааш низ ба талаботи муосир ҷавобгӯ шудааст.
Дар Тоҷикистон ҳоло ба хотири ҷалби таваҷҷуҳи бештар ба намудҳои варзиши зимистона ҳамчунин як мактаби махсуси кӯдакону наврасон оид ба намудҳои зимистонаи варзиш, ки тобеи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ мебошад, дар заминаи урдугоҳи лижаронии Сафеддара амал мекунад.








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






