Тағйироти нахустини кадрӣ дар соли 2016

Январь 11, 2016 11:42

Душанбе, 11.01.2016. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як қатор кадрҳои ба вазифаҳои пурмасъулият таъингардидаро барои суҳбат ба ҳузур пазируфт.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои ба тозагӣ таъиншударо ба хизмати софдилонаю содиқона ба халқу Ватан, ҳифзи шоиста аз манфиатҳои миллии давлати Тоҷикистон, риояи қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ, таъмини волоияти қонун ва тарбияи дурусти кадрҳои ҷавону ояндадор ҳидоят намуд.

Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зоҳидзода Даврони Абдуқодир аз вазифаи раиси шаҳри Исфараи вилояти Суғд бо сабаби ба кори дигар гузаштан озод шуда, Расулзода Дилшод Ҷабборӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Исфараи вилояти Суғд таъин гардид.

Арбобзода Қодир Нодир бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд озод гардида, ба ҷойи ӯ Зиёзода Сулаймон Ризоӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Зафаробод таъин шуд.

Нозирӣ Зариф Вализода иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд таъин гардида, Маннонзода Абдусамад бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз ин вазифа озод шуд.

Салимзода Комил иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд таъин шуда, Ҳакимзода Сангимуроди Дӯстмурод бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз ин вазифа озод гардид.

Сайфуддинзода Маҳмадюнус Кабут иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон таъин гардид ва Таваккалзода Абдуҷон Шариф бо сабаби расидан ба синни нафақа аз ин вазифа озод шуд.

Раҷабзода Салоҳиддин иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ҷиликӯли вилояти Хатлон таъин шуда, Хуҷамурод Фазлиддин  бо сабаби расидан ба синни нафақа аз ин вазифа озод гардид.

Зарифзода Почохон Ҳабибулло  иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Шӯроободи вилояти Хатлон таъин гардида, Икромзода Амирхон аз ин вазифа бо сабаби расидан ба синни нафақа озод шуд.

Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин як қатор тағйироти кадрӣ дар мақомоти судӣ амалӣ шуд.

Ҳамин тариқ, Розиқзода Хуршед раиси суди ноҳияи Рашт, Усмонзода Шоғуфрон муовини якуми раиси суди вилояти Бадахшон, Бурҳониён Маъруфҷон муовини якуми раиси суди ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд, Садриддинзода Насрулло муовини раиси суди ноҳияи Спитамени вилояти Суғд, Олимзода Улфат Розиқ судяи суди вилояти Хатлон, Одинаев Ҳусайн Нуруллоевич судяи суди иқтисодии вилояти Бадахшон, Холиқзода Абдуҳаким Абдуваҳоб судяи суди ноҳияи Рашт ва Бадалзода Маҳмуд Муҳаммадалӣ судяи суди ноҳияи Ҷиргатол таъин гардиданд.

Наботов Ҷумахон, ки то ин вақт сармуҳаррири рӯзномаи Садои Мардум буд, бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон машваратчии калон-сардори шуъбаи амнияти иттилоотӣ, пешгӯӣ ва робитаҳои байналмилалии дастгоҳи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назирӣ Латофат Қаҳор муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Арабзода Нуралӣ Сайвалӣ директори иҷроияи Маркази татбиқи лоиҳаҳои навсозии роҳҳо таъин шуданд.

Дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон як зумра тағйироти дигари кадрӣ дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва мақомоти прокуратураю корҳои дохилӣ ба амал баромад.

Ба ин тартиб, Асозода Дороб Абдусалом прокурори вилояти Бадахшон Додоҷонов Умедҷон Муидинович сардори раёсати кадрҳои Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Аваззода Шараф Тавар сардори раёсати амнияти дохилии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия  таъин гардиданд.

Ҳамчунин сардорони шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат, Зафарободи вилояти Суғд ва Фархори вилояти Хатлон иваз карда шуданд.

Январь 11, 2016 11:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Маркази хизматрасонии «Аҳмадҷон»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Муассисаи таълимии ғайридавлатии таҳсилоти миёнаи умумии «Имкон»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Модӣ мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳо дар қолаби СҲШ+ иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои Сарони давлатҳои СҲШ таҳти унвони «25 соли СҲШ: таҳкими субот, густариши ҳамкорӣ барои рушди ояндаи муштарак» иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои ҷаҳонии кӯчманчиён иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо фиристодаи махсуси Президенти ИМА дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ Серҷио Гор ва сенатори ИМА Стив Дейн мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон шуданд