Тахфифҳои нави тарофавии “Роҳи оҳани Тоҷикистон” ва “Узбекистон темир йуллари”
Душанбе, 20.01.2016 (АМИТ «Ховар») .- КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” ва ҶС “Узбекистон темир йуллари” оғози соли равон оид ба пешниҳоди сабукиҳои (тахфифҳои) нави тарофавӣ ба мувофиқа расиданд.
Тибқи мувофиқа аз ҷониби ҶС “Узбекистон темир йулларӣ” барои интиқоли транзитии маҳсулоти нафтӣ, алюминий ва хокаи алюминий аз тариқи истифодаи қитъаи роҳи оҳани Қароқалпоқистон-Қудуқли ва Келес-Қудуқли 15% ва барои дигар намуди борҳо 10% сабукӣ (тахфиф) ба тарофаи мутобиқи сиёсати тарофавии роҳҳои оҳани маъмурияти кишварҳои ИДМ муқаррарнамуда, дар давоми сол пешниҳод шудааст.
Инчунин сабукиҳо дар мавриди интиқоли содиротии борҳои гуногун аз Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардиданд.
Ҳамзамон коэффитсиентҳои (1,83; 1,63; 1,62) баландкунандаи тарофа, ки то ин дам дар қитъаи роҳи оҳани Болдир-Қудукли ва ба баръакс истифода мегардиданд, бекор шудаанд.
Барои интиқоли транзитии мусофирон дар ҳамаи хатсайрҳо тахфифи 15 % барои соли 2016 пешниҳод гардидааст, ки ин бори аввал дар муносибати байни роҳҳои оҳани ин ду кишвар мебошад.








Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд






