Варзишгарони ҷавони ҷумҳурӣ соҳиби 223 медали тилло шуданд
Душанбе, 14.01.2016. (АМИТ «Ховар»). — Дар соли 2015 129 чорабинии варзишӣ (нисбат ба соли 2014 16,2% зиёдтар) аз ҷумла, 24 чемпионатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (нисбат ба соли 2014 1 чемпионат зиёдтар), 101 мусобиқаи ҷумҳуриявӣ (нисбат ба соли 2014 16 чорабинӣ зиёдтар), аз рӯи 10 намуди варзиш 12 мусобиқаи ҷумҳуриявӣ дар доираи Спартакиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 4 мусобиқаи байналимилалӣ бо фарогирии 9806 варзишгар, аз ҷумла 1891 бону баргузор гардид. Дар ин бора имрӯз 14 январ зимни нишасти матбуотӣ раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Аҳтам Абдуллозода иттилоъ дод.
Ба гуфтаи мавсуф, дар ин давра 293 варзишгарони ҷумҳурӣ, аз ҷумла 25 нафар бонувон ба 60 чорабинии сатҳи байналмилалӣ сафарбар гардида, ба хазинаи варзишии ҷумҳурӣ 629 медал, аз ҷумла 223 медали тилло, 178 нуқра ва 228 биринҷӣ ворид намуданд, ки аз ин 257 медал аз рўи намуди олимпӣ (95 медали тилло, 57 медали нуқра ва 105 медали биринҷӣ) мебошанд.








КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ ҷамъбаст гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба садгонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид шуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи яккачини Русия бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад






