Вазифаҳои нави Руқия Қурбонова, Амиршо Миралиев ва дигар собиқадорони ҲХДТ

Январь 14, 2016 16:14

Душанбе, 14.01.2016. (АМИТ «Ховар»). — Дирўз таҳти раёсати муовини якуми раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Саидмурод Фаттоҳзода маҷлиси тадорукотии Шўрои собиқадорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барпо гардид. Мавсуф зимни сухани ифтитоҳӣ иброз дошт, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зери роҳбарии Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти худро ба таври густурда роҳандозӣ намуда, аз тамоми имкониятҳо истифода мебарад, то ки ҳадафу  ғояҳои созандаи ҳизб ва давлату ҳукуматро ба қишрҳои мухталифи ҷомеа фаҳмонад ва ҷиҳати татбиқи онҳо иқдом намояд.

Дар ин росто, Шўрои собиқадорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки бо Қарори Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии ҳизб таъсис дода шудааст, метавонад нақши муассир ва арзишманд дошта бошад.

Усмон Солеҳ, сухангўи ҲХДТ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки собиқадорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз ҷумлаи гурўҳҳои фаъолу содиқ ва устувору собитқадами ҷомеа ба ҳисоб мераванд. Онҳо дар ҳолатҳои барои миллат ва давлат  душвору сарнавиштсоз зери роҳбарии хирадмандонаи Раиси ҳизб, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон барои татбиқи ғояҳои низоми давлатдории миллӣ, ки аз ҷониби роҳбари муаззами мамлакат муайяну мушаххас гардидаанд, саҳми худро гузоштаанд. Мо эътимод бар он дорем, ки ташкилотҳои ҳизбӣ маҳорату таҷрибаи собиқадорони ҳизбро минбаъд низ дар корҳои рўзмарраашон ба таври самарабахш истифода мебаранд.

Чуноне ки пешвои ҳизб Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҳизб ба таърихи 4 декабри соли 2015 қайд намуд: “Мо бояд нисбати собиқадорони ҳизб бетафовут набошем. Таҷрибаи онҳоро ҳамаҷониба истифода карда, дар синни нафақа нисбат ба онҳо ғамхорӣ зоҳир кунем.  Бояд собиқадорон дар ташкилотҳои ҷамъиятӣ муттаҳид карда шаванд ва дар мактаби маҳорату истеъдодашон кадрҳои ҷавон тарбия гиранд.”

Тибқи дастури раиси ҲХДТ фаъолияти Шўро бояд ҷоннок гардонида шуда, таҷрибаи ғании собиқадорон дар бобати тарбияи ҷавонон, тақвияти арзишҳои  ватандорӣ, худшиносӣ, эҳтироми суннатҳои миллии мардум ва таблиғу ташвиқи дастовардҳои мамлакат ба манфиати миллат ва ҷомеаи кишвар мавриди истифода қарор дода шавад.

Вобаста ба талаботҳои Низомнома ин ниҳоди ҷамъиятии ҳизб  фаъолияти худро  дар ҳамкории зич бо Дастгохи Кумитаи Иҷроияи Марказии  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  ба роҳ мемонад.  Бовари дорем, ки Шўрои собиқадорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар тарбияи сиёсию маърифатӣ ва ахлоқию маънавии ҷавонон дар руҳияи  баланди ватандӯстӣ, тарғиби ҳамаҷонибаи Оиннома ва барномаҳои ҳизб бо фаъолияти ибратомўз, истифодаи таҷрибаю малака ва кордонии аъзоёни худ баҳри пешрафту шукуфоии Ватан саҳми муносиби худро мегузоранд, афзуд С. Фаттоҳзода.

Баъдан дар ҷаласа дар асоси Низомномаи Шўро масъалаҳо оид ба ҳайати Шўрои собиқадорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, дар бораи таъини раис, муовинон ва котиби Шўрои собиқадорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, нақшаи кории Шўрои собиқадорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ташкил ва гузаронидани чорабиниҳо оид ба рушди ахлоқу маънавиёт ва пешгирии омилҳои ифротгароии ҷавонон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Бо маслиҳат ва пешниҳоди Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Руқия Қурбонова раиси Шўрои собиқадорони ҳизб, Амиршо Миралиев, Давлаталӣ Давлатзода, Сафар Сафаров муовинони раиси Шўро ва  Латофат Шарифова котиби Шўрои собиқадорон интихоб шуданд.

 

 

 

 

 

 

Январь 14, 2016 16:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Бо саҳми соҳибкорон ва шахсони саховатпеша дар Суғд 5 ҳазору 500 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмиру навсозӣ карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Ҳангоми интиқоли маблағ ба кортҳои шахсони ношинос ба чӣ бояд диққат дод?
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Дар Алмато платформаи миллии рақамии тандурустии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
«ИСТИҚЛОЛ — ГАНҶИ МИЛЛАТ, БАҚОИ ДАВЛАТ». Бо чунин унвон дар шаҳри Хуҷанд ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд